Бо шиддат гирифтани ҷанги Русия дар Украина, теъдоди мардуме, ки аз тарси кушта шудан мегурезанд, зиёдтар мешавад. Онҳо асосан ба самти Аврупо мегурезанд, ки ҳамсояҳои наздики Украина ҳастанд.
"Дар асри 21 боварнакарданист"
Аз пули рамзӣ дар сарҳади Маҷористону Украина 30 сол пеш охирин сарбози Шӯравӣ ба Украина, он замон яке аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳод, гузаштааст. Ҳамон вақт аксарият фикр мекарданд, ки бо ҳамин нуфузи Русия дар Аврупои Марказӣ абадан тамом мешавад. Аммо ҳоло бо ҳамлаи Русия ба Украина садҳо ҳазор нафар ба ҳамин самт, аз ҷумла Маҷористон фирор мекунанд.
Марта Котек, сокини Киев, мегӯяд, “ман тамоми зиндагиамро, дору надорамро гузошта омадам. Хона месохтам. Ин як девонагист. Пойтахти кишвари шумо бомбаборон мешавад, ин ваҳшатнок аст. Дар маркази Аврупо ва дар асри 21. Ин боварнокарданист.”
Дар чанд рӯзи гузашта бештар аз 100 ҳазор нафар ба Маҷористон рафтаанд, садҳо ҳазори дигар ба кишварҳои дигар, бахусус Лаҳистон. Теъдодашон зиёдтар мешавад ва даъватҳо барои кумак ба Украина меафзояд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хабарнигори “Садои Амрико” Яна, модари 31-солаеро дид, ки аз шаҳри Буча дар наздикии Киев бо фарзандонаш гурехтааст. Ӯ роҳи хонаашонро нишон медиҳад, ки мумкин аст, дигар ба он барнагардад.
"Онҳо низ одаманд"
“Аз тамоми ҷаҳон илтиҷо мекунем, ба мо кумак кунанд, чун ин сарзамини мо, кишвари мо аст. Мо ҷои дигаре рафтан намехоҳем. Мо украинӣ ҳастем, хонаводаи 44 миллионнафарӣ. Аз мардуми Русия мехоҳем, ба кӯчаҳо баромада, тазоҳурот кунанд. Онҳо низ одаманд,” – гуфт ӯ.
Бо ҳамлаи Русия ба Украина, нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан, сиёсати сахтгиронаи муҳоҷират ба кишварро сабуктар сохт ва гуфт, муҳоҷирони Украинаро “зуд ва осон” қабул кунанд.
Ҳукуматҳои маҳаллӣ барои паноҳҷӯён марказҳои қабул ва нигаҳдорӣ боз кардаанд. Муассисаҳои давлатӣ бо ғизо таъмин мекунанд ва муассисаҳои имдодӣ хайрия ҷамъ меоранд.
Акош Тот, аз созмони “Асри Умед” гуфт: “Мо васоили беҳдоштии кӯдаконро овардем. Консерва, дору барои таб, васоили беҳдошт барои занон овардем. Касе парво надорад, аз куҷо омадаанд, ба мо кумак зарур аст. Мо бояд инҷо бошем.”
Бо авҷ гирифтани ҳамлаҳову хушунат, роҳи фирори паноҳҷӯён ба маҳалли амн мушкил мешавад ва гузаштани онҳо аз марз ҳам мушкилтар. Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, дар даҳ рӯзи ҳамлаи Русия ба Украина шумори гурезаҳо ба 1,5 миллион нафар расидааст.