Низомиёни Русия гуфтанд, ба хотири имкони берун рафтани мардум аз шаҳри Киев – пойтахти Украина ва шаҳрҳои Мариупол, Харков ва Суми – аз соати 10-и рӯзи 7-уми март оташбас ҷорӣ мекунанд. Қаблан талоши берун бурдани ғаринизомиён аз Мариупол натиҷа надода буд.
Хабаргузории давлатии РИА Новости бо такя ба Вазорати дифои Русия навишт, роҳҳои берун рафтани мардум танҳо ба самти Русия ва Беларус боз мешаванд. Украина ин қарорро “комилан ғайриахлоқӣ” номид ва сухангӯи президент Владимир Зеленский гуфт, шаҳрвандони Украина бояд имкон ёбанд, ки тавассути хоки Украина берун шаванд.
Дар изҳороти сухангӯи президенти Украина омадааст: “Ин як қиссаи комилан ғайриахлоқӣ аст. Мардуми азиятшударо ҳар тавре хостанд, дар наворҳои телевизионҳо ба намоиш мегузоранд”. Сухангӯ Русияро барои махсус номумкин кардани талошҳои пешинаи интиқоли мардум гунаҳкор кард. Вазорати дифои Русия гуфт, гурӯҳи махсусе бо ёрии дронҳо ҳаракати мардумро назорат мекунад.
Маълум нест, оташбас чӣ қадар давом мекунад. Гурӯҳи махсус гуфт, танаффус дар ҷанг бо як дархости президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҷорӣ шуд, ки рӯзи 6-уми март дар суҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин садо додааст. Рӯшан нест, ки оташбас амал мекунад ё на.
Украина инчунин гуфт, бо Русия дар масъалаи ташкили долонҳои башарӣ музокира ҷараён дорад.
Рӯзи 7-уми март ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Русия ва мақомоти украинӣ ҳамдигарро гунаҳкор карданд, ки намегузоранд барои эҷоди як долони амн барои мардуме, ки дар фикри тарки Мариупол ҳастанд, шароит фароҳам шавад. Мариупол дар соҳили баҳри Сиёҳ ҷойгир аст ва ҳазорҳо сокинаш талош доранд, ки аз оташи ҷанг наҷот ёбанд.
Рӯзи 7-уми март нерӯҳои Русия ҳуҷумҳои худро идома дода, ба шаҳри Миколаев (Николаев) дар 480-километрии ҷануби Киев оташ кушоданд. Наҷотбахшон гуфтанд, ҳамлаҳои мушакӣ ба биноҳои истиқоматӣ мерасанд.
Ҳамлаҳои мусаллаҳона инчунин ба канораҳои шаҳри Киев, аз ҷумла Ирпин идома ёфт. Ин шаҳрак се рӯз мешавад, ки аз дастрасӣ ба барқ, об ва ҳам низоми гармидиҳӣ маҳрум аст. Сокинон талош доранд, ки аз Ирпин ва Буча, як шаҳраки дигари наздик ба Киев, берун шаванд. Буча ҳам мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтааст. Ситоди кулли Украина гуфт, “Русия ҳамоно ҳамлаҳои мушакиву тӯпхонаӣ ва бомбафканиро идома медиҳад”.
Ба иттилои Ситоди кулли Украина, “ғосибон истифодаи шабакаҳои ҳарими ҳавоии Беларусро барои ҳамла ба хоки Украина истифода мебаранд”. Мушовири вазири умури дохилӣ Антон Ҳерашенко гуфт, бо сабаби ин ки тирандозии русҳо идома дорад, берун бурдани мардум тавассути долонҳои амни башарӣ қатъ шуд.
Бо вуҷуди далелҳои зиёд ва мушаххаси ҳамлаҳои нерӯҳои Русия ба минтақаҳои аҳолинишин, ки аз ҷониби журналистон, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар дохили кишвар нашр мешаванд, Маскав инро рад карда, мегӯяд, дар “ҷараёни амалиёти низомӣ”-аш “танҳо муассисаҳои низомӣ”-ро ҳадаф қарор медиҳад.
Рӯзи 6-уми март Киев бори дигар аз Ғарб тақозо кард, ки таҳримҳояшро шадидтар карда, инчунин, Украинаро бо силоҳи бештар, аз ҷумла, ҳавопаймоҳо таъмин кунад.
Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен, ки бо як сафар дар Аврупои Шарқӣ қарор дорад, гуфт, дар заминаи манъ кардани содироти нафти Русия бо муттафиқон “музокироти бисёр фаъоле” пеш мебарад. Зимни суханрониаш аз Молдова, ки бо Украина марзи тӯлонӣ дорад, Блинкен гуфт, агар Полша дар фикри ба Украина фиристодани ҳавопаймоҳои ҷангии сохти Русия бошад, Вашингтон дар фикри таъмини бештари ин кишвар бо ҳавопаймоҳо мебошад.
Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 6-уми март бори дигар аз кишварҳои ғарбӣ тақозо кард, ки фазои Украинаро бубанданд. Ӯ дар як паёми видеоиаш гуфт, “барои бастани ҳарими ҳавоии мо ҷаҳон қудрати зиёд дорад”.
НАТО ин дархости Украинаро рад карда, гуфтааст, ки дар сурати бастани ҳарими ҳавоии Украина ин паймони низомӣ бо Русия бевосита вориди ҷанг мешавад. Зеленский инчунин аз баъзе муассисаҳои харобшуда дар бомбаборонҳои Русия хабар дод ва гуфт, мушакҳои Русия рӯзи 6-уми март фурудгоҳи мулкии Виннитсаро дар маркази Украина “пурра хароб” карданд. Низомиёни украинӣ рӯзи 6-уми март гуфтанд, дар канораҳои шаҳри ҷанубии Миколаев, ки роҳро то шаҳри ғарбии Одесса дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ назорат мекунад, “даргириҳои пуршиддате” бо нерӯҳои Русия идома дорад.
Сарбозон дар Киев хандақҳо кофта, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои дифоии мулкӣ роҳҳоро мебанданд.
Владимир Путин ба иловаи Макрон рӯзи 6-уми март бо нахуствазири Исроил Нафтали Бенет ва ҳам президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кард. Дар изҳороти Кремл омадааст, ки дар суҳбат бо Эрдуғон Путин гуфтааст, ки ишғоли Украина танҳо дар ҳолате қатъ мешавад, ки агар “Киев душманиашро бас кунад”.
Ӯ гуфт, Украина бояд “талабҳои маълуми Русияро иҷро кунад”, ки, ба гуфтааш, “ғайринизомӣ” шудани Украина ва ҳам замонати дасткашӣ аз узвияти НАТО мебошад. Нахуствазири Австралия Скотт Моррисон рӯзи 7-уми март аз Чин тақозо кард, ки ба даъватҳои гирифтани пеши роҳи Русия аз ишғоли Украина ҳамроҳ шавад ва ҳушдор дод, ки ҳоло як “камони худкомагӣ” таҳдид дорад, ки сохтори сайёраро тағйир медиҳад.
Чин, ки бо Маскав робитаҳои бисёр наздик дорад, ҳамлаи Русияро ба Украина “ҳуҷум” наменомад ва аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, ки “нигарониҳои қобили фаҳми амниятии Русия”-ро дарк кунанд.
Ван И, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, рӯзи 7-уми март ҳамкориҳои Пекинро бо Русия “мисли кӯҳ” қавӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар оянда доманадор номид.
Айни замон, ҳисоб шудааст, ки аз замони шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина 1,5 миллион украинӣ муҳоҷир шуда, талош доранд, дар қаламравҳои Полша, Руминия ва Молдова паноҳ ёбанд.