- Украина беш аз даҳ рӯз аст, ки дар оташи ҷанг месӯзад.
- Чаро ин ҷанг сар зад?
- Амалкарди Русия оё поймол кардани истиқлоли Украина нест?
- Зери таҳрим қарор гирифтани Русия ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Барои баҳси бештар дар ин бора ба студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе сиёсатшинос Сайфулло Сафаров, таҳлилгар Шералӣ Ризоён ва рӯзноманигор Иршод Сулаймониро даъват кардем.
Иқтибосҳо аз барнома:
"Дар ҳоли ҳозир, аз нигоҳи ҳуқуқи башар, Украина мазлум аст. Мардуми Украина ҷабрдида ҳастанд. Онҳо зери ҳамла, ҷанг ва даҳшате, ки дар сарзаминашон сар шуд, месӯзанд. Аз нигоҳи равобити байналмилалӣ, истиқлоли сиёсии Украина халалдор ва соҳибихтиёрияш доғдор шудааст. Як кишвари дигар рафта, дар сарзамини онҳо ҷанг мекунад."
"Ду вилоят, Луҳанск ва Донетск, ки онҷо асосан русҳо зиндагӣ мекунанд, зери фишори доимӣ буданд, зери тирпарронӣ буданд. Хонаҳои онҳо вайрон буд, лекин то дирӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ягон чиз нишон надоданд. Ба ҷуз як филми фаронсавиҳо дигар ягон расонаи дунё дар бораи ҳашт сол дар таҳхонаҳо зиндагӣ кардани мардуми Луҳанск ва Донетск чизе нагуфтанд. Чаро нагуфтанд? Чаро ҳуқуқи ин одамон зери пой мешуд ва касе дар ин бора суҳбат намекард?"
"Ҳам Русия, ҳам кишварҳои ғарбӣ ва ҳам Украина барои ба вуҷуд омадани низоъ манфиат доштанд, вале ҳеч кас пешбинӣ намекард, ки ин низоъ чунин доман паҳн мекунад."
"Хомӯшии ҳукумати Тоҷикистон дар шароити феълӣ мавқеи беҳтарин аст. Вақте ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина равобити наздик дорем, шояд дар миёнамуддат барои кашидани Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ яке аз тарафҳо сабаб шавад."
Барномаро дар сомона бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барномаро дар Ютюб тамошо кунед: