Неругоҳи атомии Украина дар ҷанг осеб дид
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҳашт рӯзи ҷанг дар ин кишвар нӯҳ ҳазор нафар ҳалок шудааст. Чанд шаҳри бузурги Украина дар муҳосираи нерӯҳои низомии Русия қарор дорад. Садҳо иншооти низомиву маъмурӣ хароб шудааст ва ҳазорон нафар аз тарси ҷанг Украинаро тарк кардаанд.