Дар таркише дар Пешовари Покистон дастикам 50 кас кушта ва 200 нафари дигар захмӣ шуданд. Инфиҷор рӯзи 4-уми март, ҳангоми намози ҷумъа, рух дод. Ба иттилои расмӣ, ду ҳамлавар ҳангоми вуруд ба масҷид як пулисро куштанд ва сипас таркиш рӯй дод. Муҳаммад Осим, сухангӯйи Бемористони Пешовар, ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол шумораи кушатшудагон бештар гардад, зеро вазъи чандин нафар хеле вазнин аст. Масъулияти ҳамларо касе ё гуруҳе ба уҳда нагирифтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад