Хабаргузории РИА Новости ба нақл аз вазири энержии Украина гузориш дод, ки бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои Русия, як бахши тавлиди барқ дар Нерӯгоҳи ҳастаии Запороже оташ гирифт. Тибқи ин гузориш, оташнишонҳо дар оғоз ба хотири тирандозии нерӯҳои русӣ, имкони оғози амалиёт хомуш кардани сӯхтор дар ин нерӯгоҳро надоштанд.
Запороже калонтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо ба шумор меравад ва дар шаҳри Энергодар, дар канори дарёи Днепр ҷойгир аст. Нерӯҳои Русия дар идомаи ҳамлаи худ ба Украина рӯзи панҷшанбе шаҳри Энергодарро, ки ин бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо дар онҷо воқеъ аст, муҳосира карданд. Шаҳрдори Энергодар низ гузоришҳо дар бораи сӯхтор дар нергӯҳои Запорожеро таъйид кард.
Пас аз нигарониҳо аз сар задани як фоҷеаи бузург, субҳи ҷумъа расонаҳо аз қавли сарпарасти фармондори Запороже гуфтанд, ки эминии ин нерӯгоҳи ҳастаӣ таъмин шудааст. Ба иттилои Бӣ-Бӣ-Сӣ, ин масъули украинӣ дар паёме хаттӣ навишт, ки бо мудири нерӯгоҳ дар Энергодар суҳбат кард ва аз эминии он итминон ёфтааст.
Украина аз чор як ҳиссаи энержии мавриди ниёзи худро аз ин нерӯгоҳ таъмин мекунад. Нерӯҳои Русия дар садад ҳастанд, ки бо ба даст гирифтани ин шаҳр, дастрасии нерӯҳои Украинаро ба об обҳои ҷануби ин кишвар қатъ кунанд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина субҳи ҷумъа пас аз нашри гузоришҳо дар бораи оташ гирифтани ин нерӯгоҳ бар асари бомбаборони русҳо, Маскавро муттаҳам кард, ки ба "террори ҳастаӣ" даст задааст ва қасд дорад фоҷеаи Чернобилро такрор кунад.
Оқои Зеленский дар як паёми видеоӣ гуфт, "Русия танҳо кишваре аст, ки қисматҳои як нерӯгоҳи ҳастаиро ба оташ мекашад. Ин аввалин бор дар таърихи мо ва дар таърихи башарият аст, ки чунин чизе рух медиҳад.
Оҷонси байналмилаии энержии атомӣ ҳам субҳи ҷумъа аз нерӯҳои Русия хост, ки ҳамла ба нерӯгоҳи ҳастаии Запороже дар ҷануби Украинро поён бахшад ва аз "хатари шадид" дар сурати тахриби реакторҳо ҳушдор дод. Ин ниҳод эълон кард, ки Рафаэл Гросси, мудири умумии Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ бо нахуствазири Украина ва мақомоти атомии ин кишвар дар бораи шароити хатарноки нерӯгоҳи Запороже суҳбат кардаанд ва хостори қатъи даргирӣ шуда, аз хатарҳо дар сурати тахриби реакторҳо ҳушдор додааст.
Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украини аз паёмадҳои оташсӯзӣ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запороже ҳушдор дода ва таъкид кард, ки таркиш дар ин нерӯгоҳ чанд баробар фоҷеабортар аз ҳодисаи Чернобил мебошад. Оқои Кулеба дар "Твиттер" навишт, "артиши Русия аз ҳама тараф Нерӯгоҳи ҳастаии Запорожеро зери оташ гирифтааст".
Вай афзуд, "оташсӯз ҳамакнун рух додааст. Агар ин нерӯгоҳ битаркад, 10 баробар густурдатар аз Чернобил хоҳад буд. Русҳо бояд фавран ҳамларо қатъ кунанд, ба оташнишонҳо иҷозаи фаъолият диҳанд ва як минтақаи амн барқарор кунанд".
Русия рӯзи чаҳоршанбе тавонист назорати комили бандари стратегии Херсон дар шимоли нимҷазираи Кримро ба даст бигирад. Херсон аввалин шаҳри калони Украина ба шумор меравад, ки Русия тавонист дар ҷараёни ҳамлаи ба кишвари ҳамсояи худ онро тасарруф кунад.
Русия рӯзи 24-уми феврал ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ба ин кишвар ҳамла кард. Мақомоти Украина ин ҳамларо "таҷовуз" ба кишвари худ медонанд. Дар даргириҳои ҳашт рӯзи ахир садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шудаанд.