Мунтахаби Тоҷикистон бо Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда бозӣ мекунад

Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байнулмилалӣ «Ҷоми Наврӯз-2022», ки рӯзҳои 25-ум ва 29-уми март дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар «Ҷоми Наврӯз-2022» чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда – иштирок мекунанд.

Дар 1/2 финал мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март бо тими миллии Уганда вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дар ҳамон рӯз дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Қирғизистон рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ғолибони нимфинал ба финали «Ҷоми Наврӯз-2022» роҳ меёбанд, мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм иштирок хоҳанд кард.

Ҳамаи бозиҳои ин мусобиқа дар варзишгоҳи хонагии бошгоҳи футболи «Навбаҳор»-и Намангон баргузор мешаванд.

Ташкилкунандаи мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» Ассотсиатсияи футболи Узбекистон мебошад.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25 март (ҷумъа)

16:00 – Уганда – Тоҷикистон

20:00 – Узбекистон – Қирғизистон

29 март (сешанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

20:00 – Финал

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд