Вокуниши "хомӯшона"-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамлаи Русия ба Украина

Русия 24-уми феврал ба Украина ҳамлаи низомӣ кард

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба эълон кардани мавқеи худ дар баробари рӯйдодҳои Украина шитоб надоранд. Коршиносон чунин мавқеъгириро талоши нигоҳдории сиёсати хориҷии чандсамтӣ мешуморанд.

Ҳамлаи Русия ба Украина дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, вокунишҳои гуногун ба миён овард. Дар баъзе аз онҳо сатҳи ин вокуниш танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад. Дар бархеи дигар то марзи эътироз ва тазоҳуроти зидди амалкарди Маскав мерасад. Дар ин миён ҳомиёни Владимир Путин ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба хоки ҳамсояаш низ зиёданд. Бо ин ҳол, вижагии муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа то охир нигоҳ доштани мавқеи норӯшан аст.

Хомӯшӣ тилост?

Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко

Як рӯз пас аз ҳамлаи Русия ба Украина Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, бо ҳадафи иштирок дар форуми байнипорлумонӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯ дар дидор бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва писари президенти Тоҷикистон, гуфт, ки роҳбари кишварро аз қазияи Украина огоҳ кардааст. “Ҳамкорон, дӯстони тоҷики мо аз наздик назорат мекунанд ва ҳамаро медонанд...”, -гуфтааст Матвиенко.

Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко бе зикри Украина навиштааст, “ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот дар мавриди тағйири босуръати вазъияти сиёсии дар ҷаҳон, ташдиди даргириҳо дар бархе аз манотиқ, авзои сиёсӣ дар Афғонистон ва мубориза бо таҳдид ва чолишҳои ҷаҳони муосир табодули афкор карданд”.

Аз ҷониби дастгоҳи раисиҷумҳур, сиёсатмадорон ва намояндагони порлумон баёнияҳои расмӣ пахш нашуданд. Хабаргузории расмии “Ховар” 24-уми феврал баёнияи Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ-ро нашр кард, ки дар он гуфта шудааст, амалиёти низомии Русия дар Донбасс усули СММ-ро нақз мекунад. Аммо ин хабар чанде баъд аз сомонаи хабаргузории давлатӣ нопадид шуд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, бар ин аст, ки кишварҳои минтақа ба монанди муноқишаи соли 2008 бо Гурҷистон ва соли 2014 ҳангоми ғасби Қрим, ки кишварҳои дигар онро эътироф накарданд, сиёсати бетарафиро пеш мегиранд.

Парвиз Муллоҷонов

“Мавқеи умумии кишварҳо чунин аст, ки бо Русия робитаи худ дошта бошанд ва ҳамзамон дар пасманзари таҳримҳои шадид робитаашон бо Ғарб халалдор нашавад,” - мегӯяд Муллоҷонов. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи коршинос, буҳрони феълӣ аз пештараҳо дида печидатар аст. Аз ин рӯ, шояд Маскав аз ҳампаймонҳояш мавқеи рӯшантареро талаб кунад.

Номувофиқатӣ дар паёмҳо

Шояд аз ин сабаб байни сухангӯёни Кремл аз як сӯ ва Қирғизистону Узбекистон аз сӯйи дигар номувофиқатии ҷиддӣ ба чашм мерасад. Кремл 26-уми феврал аз суҳбати Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизстон ва Владимир Путин хабар дод. Дастгоҳи Путин гуфт, ки роҳбари Қирғизистон аз амалиёти Русия дар Украина ҳимоят кард. Аммо дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Қирғизистон танҳо хабари кӯтоҳе аз суҳбати телефонӣ нашр кард.

Содир Ҷабборов ва Владимир Путин

“Роҳбарони кишварҳо дар мавриди масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Русия ва Қирғизистон гуфтугӯ карданд. Содир Ҷабборов ва Владимир Путин ҳамчунин дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла дар бораи вазъияти Украини табодули назар намуданд”, -- гуфта шуд дар паём.

Як рӯз пеш аз ин дафтари матбуотии Русия хабар дод, ки 25-уми феврал зимни суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин роҳбари Узбекистон гуфтааст, амалкарди ҷониби Русияро дарк мекунад. Аммо Шерзод Асадов, сухангӯи раисиҷумҳури Узбекистон, дар шарҳи суҳбати телефонии ду раҳбар гуфт, “Узбекистон дар масъалаи амалиёти низомии Русия дар Украина сиёсати одилона ва бетарафона дорад”.

“Ба далели амниятӣ”

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, то ҳол дар бораи ҷанги Украина мавқеи рӯшане иброз накардааст. Аммо расонаҳои украинӣ менависанд, ки Қазоқистон ба дархости Русия барои фиристодани нерӯ ба Украина ва эътироф кардани ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанск ҷавоби рад додааст.

Қосимҷомарт Тоқаев

Тоқаев ва Путин 22-юми феврал суҳбати телефонӣ доштаанд, ки дар рафти он президенти Русия “ба раиси ҷумҳури Қазоқистон аз мавқеи роҳбарияти Русия дар мавриди авзои Украина иттилоъ додааст”. Аммо хабарҳо дар сомонаи раиси ҷумҳури Қазоқистон дар ин муддат танҳо роҷеъ ба коҳиш додани таъсири манфии қазияи Украина ба иқтисоди Қазоқистон нашр мешуданд ва аз равобити ду кишвар ва ё роҳбарон чизе пахш намекард.

Бо ин ҳол, Маулен Ашимбоев, намояндаи Сенати Қазоқистон гуфт, Русия барои кумак ба Қазоқистон муроҷиат накардааст. Ин сиёсатмадори қазоқ зикр кард, ки нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД танҳо метавонанд, дар ҳудуди кишварҳои узв вориди амал шаванд. Минтақаи даргир (Украина) узви СПАД нест.

Ишқобод мисли ҳамеша сукут ихтиёр кардааст.

Эмил Ҷӯраев

“Вокуниши кишварҳои минтақа дар мавриди Украина қобили интизор аст ва нишон медиҳад, ки масъала хеле ҳассос ва баҳсбарангез аст. Ҳамаи кишварҳо медонанд, ки дар воқеъ онҳо заминаҳои оғози амалиёти низомӣ дар Украинаро намепазиранд. Дар айни ҳол ҳамаи онҳо амиқан ба ҳам пайвастанд ва аз Русия вобастагӣ доранд ва барои ибрози назари манфӣ дар мавриди қазияи Украина нестанд,” -- мегӯяд Эмил Ҷӯраев, сиёсатшиноси мустақил аз Қирғизистон.

Дар ҳоле ки мақомот аз ибрози мавқеи рӯшан дар бораи Украина худдорӣ мекунанд, шаҳрвандон дар кишварҳои минтақа фаъолтар ба назар мерасанд. Хусусан баҳси тарафдорони тамомияти арзии Украина ва ҳимоятгарони Путин дар саҳифаҳои иҷтимоӣ доғтар мешавад.

Дар шаҳрҳои Алмато ва Бишкек даҳҳо ҷавони фаъол бо нишони эътироз дар назди намояндагиҳои дипломатии Русия алайҳи ҷанг дар Украина шиор доданд.

Шаби 24-уми феврали Владимир Путин дар мавриди шурӯи “амалиёти вижаи низомӣ” бо ҳадафи “нозизудоӣ ва ғайринизомисозии” Украинаро эълон кард. Чанд лаҳза баъди ин эълон дар шаҳрҳои Киев, Харков, Одесса, Краматорск ва Бердянск инфиҷор ва партоби мушак шунида шуд. Нерӯҳои Русия дар панҷ вилояти Украина аз марз гузаштанд.

Дар вилоятҳои Чернигов, Харков ва Киев, Днепр, Николаев ва Черкас рафтуомад манъ шуд.

Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва кишварҳои дигар Маскавро зери таҳримҳои нав ва шадиди иқтисодӣ мегиранд. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Украина силоҳ медиҳанд. Владимир Путин мушакҳои атомии худро ба ҳолати омодабош овардааст.