Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки Амрико ба 12 узви ин ҳайат дастур додааст, то рӯзи 7-уми март хоки Амрикоро тарк кунанд. Василий Небензя рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, "ин хабар ҷиддӣ аст".
Дар ҳамин ҳол, намояндагии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ихроҷи ин афрод бинобар нигарониҳои вобаста ба амнияти миллӣ будааст ва онҳо "кормандони истихборот" ҳастанд. Сухангӯи ҳайати намояндагии Амрико гуфт, шахсони ихроҷшуда "машғули фаъолиятҳои ҷосусӣ буданд, ки хилофи амнияти миллии мо аст".
Ихроҷи ин афрод нахуст аз сӯи муовини сафири Амрико дар СММ Ричард Миллс тасдиқ шуд. "Он дипломатҳое, ки дастури ихроҷи онҳо аз Амрико дода шуд, ба корҳое машғул буданд, ки ба вазоиф ва масъулиятҳои онҳо ҳамчун дипломат мутобиқ набуд," -- афзуд Миллс дар Шӯрои Амнияти СММ.
Муовини сафири Амрико дар Созмони Милал дар идома гуфт, "аз онҳо хоста шуда буд, то ба амнияти миллии кишвари мизбон осеб нарасонанд" ва афзуд, ин тасмим комилан мутобиқ бо тавофуқномаҳои Созмони Милали Муттаҳид гирифта шудааст.
Василий Небензя, сафири Русия дар СММ, ин тасмимро "нақзи ошкор"-и созишномаи Созмони Милали Муттаҳид ба унвони кишвари мизбон ва нақзи Конвенсияи Вена доир ба робитаҳои дипломатӣ хонд.
Сафири Русия дар Амрико ҳам ин тасмимро "амали хасмона" хонд ва гуфт, Маскав иддаои Вашингтонро ба таври куллӣ рад мекунад. "Иқдомоти Вашингтон на барои субот дар саҳнаи байнулмилалӣ аст ва на ҳифзи робитаҳои дуҷониба байни ду қудрати бузург дар сатҳе, ки барои сулҳ ва амнияти байналмиалӣ зарурӣ аст," -- гуфт Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико.
Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", ҳайати намояндагии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид 100 узв дорад.
Ин тасмими Амрико дар рӯзе эълон шуд, ки Маҷмаи умумии СММ баҳси фавқулодаро дар бораи қатъномае дар бораи "таҷовуз"-и Маскав ба Украина оғоз кард. Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ, пас аз оғози нишаст бо як дақиқа хомӯшӣ барои қурбониёни даргирӣ, ҳушдор дод, ки "ҷанг дар Украина бояд поён дода шавад".
"Бас аст, сарбозон бояд ба қисмҳои ҳарбии худ баргарданд, раҳбарон бояд ба тарафи сулҳ ҳаракат кунанд, ғайринизомиён бояд муҳофизат шаванд," -- афзуд ӯ.
Интизор меравад, намояндагони беш аз 100 кишвар қатъномаеро, ки бояд аз Русия бихоҳад, нерӯҳояшоро аз Украина берун кунад, баррасӣ намоянд. Намояндаи Украина дар СММ аз кишварҳо хост, аз ин қатънома ҳимоят кунанд. Аммо ин бовар вуҷуд дорад, ки кишварҳое чун Сурия, Чин, Куба ва Ҳинд ё аз Русия ҳимоят намоянд ва ё аз раъй додан худдорӣ варзанд.