Як рӯз пас аз ба расмият шинохтани истиқлоли "Ҷумҳурии халқии Донетск" ва "Ҷумҳурии халқии Луганск" дар шарқи Украина ва ворид шудани нерӯҳои Русия ба ин минтақаҳо, Иттиҳоди Аврупо 351 намояндаи Думаи давлатии Русияро таҳрим кард. Ин тасмим дар нишасти рӯзи сешанбеи вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Порис гирифта шуд.
Ҷен Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса ва Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо пас аз ин нишаст зимни конфронси хабарӣ эълон карданд, "аъзои Думаи Русия ва дигар афроде, ки ба ҷобаҷойии нерӯҳои русӣ дар минтақаҳои таҳти назорати ҷудоиталабон дар шарқи Украина мувофиқат карданд, шомил ин таҳримҳои нав ҳастанд".
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико низ рӯзи сешанбе эълон кард, ки ИМА таҳримҳое алайҳи низоми бонкӣ ва молии Русия ҷорӣ хоҳад кард. Президенти Амрико ҳамчунин гуфт, таҳримҳое алайҳи мақомот ва аъзои хонаводаи онҳо ва касоне, ки аз фасоди молии Кремл фоида гирифтаанд, ҷорӣ мешавад. Вай дар идома гуфт, "бо Олмон кор хоҳем кард то мутмаин шавем, тарҳи лӯлаи гази "Норд Стрим 2" ба пеш нахоҳад рафт.
Оқои Байден изҳор дошт, агар Русия ба таҷовузгариҳои худ дар нисбати Украина идома диҳад, таҳримҳои бештаре ҷорӣ хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин эълон кард, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО аз ваҷаб ба ваҷаб хоки Украина дифоъ хоҳанд кард ва аз фиристодани нерӯ барои муҳофизат аз муттаҳидони НАТО дар Балтика хабар дод. Бо вуҷуди ин, раиси ҷумҳури Амрико афзуд, ки ИМА қасди ҷанг надорад ва изофа кард, ки дарҳои гуфтугӯ ва дипломатия дар баробари Русия ҳамчунон боз аст.
Аксарияти аъзои Думаи давлатии Русия чанд рӯз пеш барои бори аввал хостори ба расмият шинохтан шудани истиқлоли "Ҷумҳурии халқии Донетск" ва "Ҷумҳурии халқии Луганск" аз сӯи ҳукумати Русия шуданд. Аз ин тарҳ 351 вакил ҷонибдорӣ карда буданд ва танҳо 16 нафар мухолифи он раъй доданд ва як нафар ҳам аз раъй додан худдорӣ кард. Ҳама вакилоне, ки ба ҷонибдорӣ аз ин тарҳ овоз дода буданд, вориди "рӯйхати сиёҳ"-и Иттиҳоди Аврупо мешаванд. Тарҳи қатъномаи Дума рӯзи душанбе аз сӯи президент Путин ба имзо расид.
Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин 27 шахси ҳақиқӣ ва ҳуқуқиро ба итиҳоми "бесубот" кардани Украина ва роҳандозии маъракаи паҳн кардани маълумоти ғалат ва ҳимояти молӣ аз ҷудоиталабони шарқи Украина, ба феҳристи сиёҳи худ изофа кард.
Ин таҳримҳо алайҳи мақомоти сиёсӣ, тиҷорӣ ва расонаҳои Русия ҷорӣ шудааст ва дороиҳои ин афрод ва ниҳодҳо дар Иттиҳоди Аврупо масдуд хоҳад шуд ва ҳаққи сафар ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро нахоҳанд дошт.
Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбе эълон кард, ки ба расмият шинохтан шудани истиқлоли "Ҷумҳурии халқии Донетск" ва "Ҷумҳурии халқии Луганск" аз сӯи ҳукумати Русия таҷовузи ошкори Русия ба Украина аст. Ӯ гуфт, тасмим гирифтаанд, ки ба таҳаввулоти ахир посухи қавӣ бидиҳанд.
Бастаи таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дастрасии ҳукумати Русия ба хадамоти молӣ ва сармояи Иттиҳоди Аврупоро қатъ карда, тамдиди қарзҳои ҳукумати Русияро манъ хоҳад кард. Таҳримҳои нав ҳамчунин тиҷорати кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо минтақаҳои ҷудоиталаби шарқи Украинаро манъ мекунад.
Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо аст ва аз се як ҳиссаи тиҷорати хориҷии ин кишвар бо 27 узви Иттиҳоди Аврупо анҷом мешавад. Иттиҳоди Аврупо ҳамчуни муштарии 40 дарсад газ ва 24 дарсад нафти воридотӣ аз Русия аст. Олмон рӯзи сешанбе тарҳи "Норд Стрим 2"-ро ба таъхир андохт ва Бритониё низ панҷ бонки Русияро ҳамроҳ бо се сармоядори ин кишвар таҳрим кард.