Тоҷикон дар бораи рӯйдодҳои Украина чӣ мегӯянд? ВИДЕО

Сокинонро аз минтақаҳои ҷудоихоҳ мебароранд

Рӯйдодҳои Украина дар Тоҷикистон вокуниши сокинону таҳлилгаронро дар пай дошт. Коршиносон бар инанд, ки Тоҷикистону ҳамсоягонаш аз ин таҳаввулот аз нигоҳи иқтисодӣ зарари зиёд хоҳанд дид.

"Зарбаи асосиро муҳоҷирон мехӯранд"

Дар пайи эълони Владимир Путин дар бораи ба расмият шинохтани "истиқлол"-и Донетск ва Луҳанск, ду минтақаи ҷудоиталаби Украина, баъзе аз кишварҳои ғарбӣ аз таҳримҳои нав алайҳи Русия хабар доданд.

Баъзе аз коршиносон дар Душанбе эҳтимоли такрори сенарияи соли 2014-ро хеле зиёд мебинанд. Соле, ки барои ғасби нимҷазираи Қрим, Ғарб алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ кард ва интиқоли пули муҳоҷирон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бамаротиб кам шуд.

Фозилҷон Фатҳуллоев

Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси масоили иқтисодӣ, рӯзи 22-юми феврал гуфт: "Ба дунболи ин, даромади ширкатҳо поин меравад ва эҳтимол аст, баъзе аз онҳо муфлис шаванд. Аксар ширкатҳои сохтмонӣ дар Русия аз меҳнати арзони муҳоҷирон истифода мебаранд. Онҳо, ки муфлис шуданд, албатта ба муҳоҷирон таъсири худро мерасонад, талабот кам мешавад."

Русия мизбони беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик аст. Онҳо солона ба кишвар 2,5 - 3 миллиард доллар мефиристанд, ки барои иқтисоди сусти Тоҷикистон муҳим шумурда мешавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикон дар бораи рӯйдодҳои Украина чӣ мегӯянд?

Чаро ин вазъ пеш омад?

Буҳрони миёни Русия ва Ғарб ба сари Украина муддатҳо боз идома дорад. Ин буҳрон пас аз он ҷиддӣ шуд, ки Русия бо баҳонаи тамрини низомӣ беш аз 100 ҳазор нерӯи низомиашро ба наздикии сарҳади Украина бурд. Талошҳои дипломатӣ барои фурӯ нишондани буҳрон бенатиҷа буд.

Баъзе аз коршиносон дар Душанбе бовар доранд, ки вазъи феълӣ натиҷаи ҳамон мушкилест, ки ҳеч тараф нахост аз соли 2014 то ин дам ҳал кунад. Дар он сол дар пайи инқилоб президенти русиягарои Украина Виктор Янукович аз қудрат барканор шуд. Ба дунболи ин, Русия нимҷазираи Қримро ишғол кард ва Донетску Луҳанск аз назорати ҳукумати Украина берун шуда, ба дасти ҷудоиталабони рӯ ба Маскав афтод.

Шералӣ Ризоён

Шералӣ Ризоён, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, давоми ҳашт соли охир ин низоъ дар шакли пӯшида ҷараён дошт ва азбаски ҷонибҳо нахостанд онро ҳал кунанд, кор то инҷо расид: “Ҳам Ғарб ва ҳам Русия бо он сиёсатҳое, ки аз ҷанги сард мерос гирифтаанд, онро аз сари нав зинда карданд. Ман зидди он ҳастам, ки як ҷонибро ба эҳё намудани принсипҳои ҷанги сард гунаҳкор кунем. Ин аз ҳарду ҷониб ба назар мерасад. Мутаассифона аз ин ҳолат маҳз Украина зарар мебинад.”

“Феълан бетарафӣ ба нафъ аст”

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси ахир миёни Русия ва Украина вокуниш накардаанд. Расонаҳои расмӣ, аз ҷумла хабаргузории давлатии Ховар бо нашри як хабар аз ҷаласаи Шӯрои амният иктифо карданд. Вокуниши расмии мақомоти кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам то ҳол маълум нест.

Баъзе коршиносон дар Душанбе ҳамин бетарафиро феълан ба фоидаи кор медонанд. "Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба назари ман мисли пештара бетараф меистанд. Зеро аз як ҷониб Украина ва Ғарб аст, аз ҷониби дигар Русия. Дар ин марҳила ба яке аз ҷонибҳо пайвастани онҳо хатар ва зарарҳои зиёдтар дорад. Аз ин рӯ, табиист, ки онҳо пурра бетараф мемонанд. Ин бетарафии онҳо мавқеи бисёр хуби онҳо аст,” -- мегӯяд коршинос Шералӣ Ризоён.

“Вақте садҳо нафар шаҳрвандии Русияро мегирад...”

Иршод Сулаймонӣ

Ин бори аввал нест, ки Русия минтақаҳои ҷудоиталаби яке аз кишварҳои собиқ Шӯравиро ҳамчун давлати мустақил ба расмият мешиносад. Соли 2008 ба дунболи ҷанги Гурҷистон бо Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон, Русия ҳардуи ин кишварро ба расмият шинохт. Ҳарчанд то ба имрӯз ба ҷуз аз Никарагуа ҳеч кишваре аз тасмими Русия ҷонибдорӣ накард. Коршиносон дар Душанбе мегӯянд, такрори ин таҷриба аз сӯи Русия нигаронии ҳампаймонони Маскавро бештар мекунад. Далели ин нигаронӣ ҳам ба назари рӯзноманигори тоҷик Иршод Сулаймонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардани сокинони ин кишварҳо аст.

Ба таъкиди ин рӯзноманигори тоҷик, “масалан дар як шароите, ки бозиҳои геополитикӣ тағйир ёбад, ё равобит дучори халал шавад, ё замон талаб кунад, ки манофеи Русия тағйир кунад, Маскав метавонад бо иддаои ҳимоят аз шаҳрвандони худаш ҳамин корро дар яке аз ин кишварҳо анҷом диҳад.”

Роҳи ҳал ё ҳадди ақал коҳиш додани ин хатар ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ ин кам кардани вобастагии сиёсӣ ва иқтисодӣ аз Русия аст. “Онҳо вақте аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ бениёзтар шуданд ҳамон андоза ин хатар камтар мешавад,” -- хулоса кард рӯзноманигори тоҷик.