Таркиш дар бемористоне дар Узбекистон боиси марги як нафар шуд

Шифохонаи ноҳияи Шаҳрихон

Бар асари таркиш дар бемористоне дар Узбекистон дастикам як нафар ҷони худро аз даст додааст.

Ҳодиса 11-уми феврал дар вилояти Андиҷон рӯй дод.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон гуфт, қурбонии таркиш зани 57-солаест, ки дар шифохонаи ноҳияи Шаҳрихон муолиҷа мегирифт.

Ба иттилои вазорат, ҳафт каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ карда шудаанд. Бино ба тафтишоти ибтидоӣ, сабаби таркиш ихроҷи газ будааст.