"Марзи Тоҷикистону Афғонистон бастааст", вале барои гурезаҳои эҳтимолӣ паноҳгоҳ месозанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, барои паноҳҷӯёни эҳтимолӣ аз Афғонистон дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ урдугоҳи вижа месозанд. Рустам Назарзода бунёди чанд паноҳгоҳи дигарро дар гӯшаҳои кишвар тасдиқ кард, аммо гуфт, онҳо барои шахсонест, ки аз офати табиӣ зиён дидаанд, на фирориён. Баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон (моҳи августи соли гузашта) ҳазорҳо шаҳрванди он кишвар ба Тоҷикистон омадаанд.

Барои фирориён ё шахсони осебдида аз фалокатҳои табиӣ?

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 9-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ҳангоми омадани паноҳҷӯён, онҳоро дар урдугоҳ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ қабул хоҳем кард." "Ҳоло ин ягона паноҳгоҳ аст, вале дар оянда тасмим дорем, чанд урдугоҳи дигар ҳам бисозем ва дар ин замина ҷомеаи ҷаҳонӣ моро дастгирӣ кардаанд," – афзуд ӯ.

Рустам Назарзода

Ба қавли Рустам Назарзода, сохтмони паноҳгоҳи вижа барои гурезаҳои афғонистонӣ дар майдони чаҳор гектар замин идома дорад. Вале дақиқ нагуфт, ки ин иншоот барои чанд паноҳҷӯ дар назар дошта шудааст.

Қаблан гуфта мешуд, Тоҷикистон бо ҳадафи бунёди урдугоҳ барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон, дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритус, Шамсиддини Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳудуди 70 гектар замин ҷудо кардааст.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин моҳи сентябри соли 2021 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои сохтани урдугоҳ ё паноҳгоҳ дар баробари мавзеи Хирманҷои ин ноҳия боз ду макони дигарро интихоб кардаанд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, "ин паноҳгоҳҳо барои гурезаҳои афғон не, балки барои шахсонест, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар мебинанд."

Анбор дар Кушониёну Хоруғ

"Бар асоси ҳуҷҷатҳое, ки бо Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати пешини Афғонистон ба имзо расида буд, мо дар ноҳияи Кушониён ва шаҳри Хоруғ низ ду анбор сохтаем. Ин анборҳо бо мақсади расонидани кумак ба шахсоне аст, ки дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд ва дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар мебинанд," – шарҳ дод ӯ.

Толибон дар нимаи моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тасарруф карданд ва дар пайи он сафи паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт. Тибқи иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон 15 ҳазор паноҳандаи афғон ба сар мебаранд.

Қаблан баъзе аз шаҳрвандони Афғонистон шикоят доштанд, ки ҳафтаҳо дар марз истоданд, аммо Тоҷикистон дарашро ба рӯи онҳо накушод. Баъзе аз онҳо бо таҳдиди Толибон ба хонаҳои худ баргаштанд, аммо аз сарнавишти ояндаи худ нигарон буданд. Як зани рӯзноманигор аз Афғонистон моҳи декабри соли гузашта иддао дошт, ки мақомоти Тоҷикистон ӯ ва 13 узви хонаводаашро ба Толибон супурдаанд. Мақомот вазъиятро шарҳ надоданд.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон ва ҳамсояҳои дигари Афғонистон хостааст, марзҳои худро ба рӯйи паноҳҷӯёни афғон, ҳатто агар ҳуҷҷат ҳам надошта бошанд, бикушоянд. Ин ниҳод гуфт, марзҳои Покистону Эрон ба рӯйи афғонҳои соҳиби ҳуҷҷат ва раводид (виза) боз аст, вале сарҳади Тоҷикистону Узбекистон “комилан бастааст”.