Модари блогерро дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо "Гуруҳи 24" муттаҳам карданд. Наздиконаш: "Сиёсӣ аст" ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шоҳида Маҳмадҷонова. Loop

Дар ҳоле ки масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷик Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷоновро ба "ифротгароӣ" муттаҳам карданд, пайвандонаш розӣ нестанд.

Мақомот ба наздикони Маҳмадҷонова гуфтаанд, ӯ ба ҳамкорӣ бо "Гуруҳи 24" гумонбар аст. Талошҳои мо барои гирифтани ҷузъиёт бенатиҷа буд. Масъулони ВКД танҳо дар хабарномае гуфтанд, Маҳмадҷонова ба "иштирок дар фаъолияти ҳизб ё иттиҳодия"-е гумонбар аст, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъст.

Гуфтам, ки се моҳ боз телефонаш дар дасти кормандони милисаи шаҳри Ваҳдат буд. Ҳар чизе буд, онҳо карданд. Гап задан ё "лайк" мондан аз дасти онҳо меояд.
Идимоҳ Маҳмадҷонова

Ба нақли пайвандонаш, Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-сола рӯзи 3-юми феврал ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат даъват шуд ва дигар ба хона барнагашт. Мақомот давоми панҷ рӯз боздошти ӯро тасдиқ ё рад намекарданд. Ин кор нигаронии пайвандони Маҳмадҷонова ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард.

Вазорати корҳои дохилӣ шоми 8-уми феврал дастгир шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ кард ва гуфт, алайҳи ӯ бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карданд. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Масъулони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ва беҷазоӣ рӯзи 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои Шоҳида Маҳмадҷонова вакили мудофеъ ҷудо карданд. Вале ба гуфтаи онҳо, адвокат бо Маҳмадҷонова то ҳол вонахӯрда ва бо парванда ҳам ошно нашудааст.

"Гап задан ё лайк мондан аз дасти онҳо меояд"

Дар ҳамин ҳол, Идимо Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонова ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 9-уми феврал ӯро ба Вазорати корҳои дохилӣ даъват карда, баёнот гирифтанд.

Идимоҳ Маҳмадҷонова

Ба гуфтаи хонум Маҳмадҷонова, дар ин ниҳод ба ӯ гуфтаанд, духтараш "барои робита бо "Гуруҳи 24" гумонбар дониста мешавад. Фаъолияти ин гуруҳи мухолифи ҳукумат дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳ манъ аст ва солҳои гузашта низ чандин нафар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин гуруҳ боздошту зиндонӣ шудаанд.

"Ба мақомот гуфтам, ки қотеона ин гапро маҳкум мекунам, розӣ нестам. Гуфтамашон, ки се моҳ мешавад телефонаш дар дасти кормандони милисаи Ваҳдат буд. Ҳар чизе буд, онҳо карданд, гап задан ё лайк мондан аз дасти онҳо меояд. Ман ҳамаи ин чизро рад кардам," -- гуфт модари Шоҳида Маҳмадҷонова.

Дар ҳамин ҳол, Убайдуллоҳ Саидӣ, сухангӯи "Гӯруҳи 24" дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, бо номи Шоҳида Маҳмадҷонов узву ҳамкоре надоранд. "Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" бо номбурда ҳеч гуна иртибот надорад. Агар барои иртибот ба ину он ҳаракат ҷурм бошад, аввалан бояд тамоми тарафдорони ҳукуматро, ки ба барномаҳои мо дохил шуда баҳс мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашид."

"Дорои ангезаи сиёсӣ аст"

Шерзод (Абдураҳмон) Маҳмадҷонов, блогер ва писари Шоҳида Маҳмадҷонова, ки феълан дар Олмон ба сар мебарад ва борҳо аз амалкарди мақомот танқид кардааст, гуфт, парвандаи модараш "беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ" аст.

"Модари маро дуздиданд, 6 рӯз ғайриқонунӣ нигоҳ доштанд, намедонам, ки модари ман чӣ пӯшид, дар куҷо хоб кард ва чӣ хӯрд. Оё дар вақташ намозҳояшро хонд ё не, мо хабар надорем. Парвандаи модарамро дорои оҳанги сиёсӣ медонам. Чунки гунаҳкори аслӣ ман ҳастам ва инҳо мехоҳанд, ки фаъолияти маро манъ кунанд," -- афзуд Шерзод Маҳмадҷонов.

Видео дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Блогери тоҷик мегӯяд, ҳабси модараш ҷилои сиёсӣ дорад

Боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард ва бархе дастгир шудани ин занро ба танқидҳои писараш аз рафтори мақомот рабт доданд. Вале ВКД дар изҳороти худ гуфтааст, «Шерзод Маҳмадҷонов блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад."

Шерзод Маҳмадҷонов дар посух ба ин изҳорот гуфт, ҳарфҳои ВКД “сафсатае беш нест.”

Сарфи назар аз онки Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, барои ташкили вохӯрии Маҳмадҷонова бо пайвандон шароит фароҳам шудааст, наздиконаш мегӯянд, то ҳол ӯро надидаанд. Ба гуфтаи пайвандон, ба онҳо гуфтаанд, ки Маҳмадҷонова дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (ИВС) нигоҳдорӣ мешавад.

Дастгир шудани Шоҳида Маҳмадҷонова ин танқидро бори дигар сари забонҳо кард, ки мақомот аз наздикони мухолифин ҳамчун абзори фишор истифода мекунанд. Мақомот дар гузашта ин гуна танқидҳоро рад кардаанд.