Эмомуддин, Бибиоиша ва Бибисороро чӣ интизор аст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Исломуддин Маҳмудов, падари се кӯдаки маълул дар шаҳри Турсунзода, мехоҳад, онҳоро табобат кунад, аммо ба гуфтаи худаш, ба танҳоӣ зӯраш намерасад. Эмомуддини 14-сола, Бибиоишаи 9-сола ва Бибисорои 4-сола аз фалаҷи модарзодии майнаи сар ранҷ мекашанд. Онҳо дуруст роҳ рафта ва гап зада наметавонанд.