Ширин Амонзода: Русия 120 ҳазор муҳоҷири тоҷикро "бахшид"

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, беш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия афв карда шудаанд. Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе шарҳ надод, ки муҳоҷирон чӣ қонуншиканӣ карда буданд. Мақомот дар гузашта гуфта буданд, ки тақрибан 230 ҳазор нафар муваққатан аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд.

Вазири меҳнат дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта он муҳоҷироне шомили афв шуданд, ки аз ҷониби мақомоти Русия вурудашон ба он кишвар манъ шуда буд. "Нафароне, ки бо қарорҳои суд ихроҷ шуда буданд, ба ин афв шомил намешуданд," -- афзуд Ширин Амонзода.

Моҳи октябри соли гузашта Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия гуфта буд, муҳоҷироне, ки шомили афв шуданд, онҳое ҳастанд, ки ҳаққи сафар ба Русияро надоштанд. Ба гуфтаи Коженов, ин афв ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо қарори додгоҳ аз Русия ихроҷ гаштаанд, дахл надорад.

Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 9-уми феврал ҳамчунин гуфт, соли гузашта бар иловаи афви муҳоҷирон, инчунин зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон будубоши худро дар Русия қонунӣ кардаанд. Ин кор ба гуфтаи Ширин Амонзода, хафви аз Русия ихроҷ шудани онҳо кам кард.

Аммо Вазири меҳнат ба пурсишҳои батакрори хабарнигори Озодӣ, мушаххасан нагуфт, ки феълан роҳи чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия баста шудааст. Шумори умумии муҳоҷирони тоҷик, ки наметавонад ба Русия сафар кунанд, 230 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Тибқи омори Вазири меҳнат, соли гузашта 373 ҳазору 773 нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Вале омори мақомоти тоҷик ҳамеша баҳсбарангез аст. Ҷониби Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион мегӯяд. Моҳи апрели соли гузашта роҳи муҳоҷирон ба Русия боз шуд ва садҳо нафар барои дарёфти ҷойи кор маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд.

Мутахассисон пули муҳоҷиронро барои иқтисоди кишвар муҳим мехонанд