Нуриддин Саид дар бораи ҳодисаҳои Хоруғ ва баҳсҳои марзӣ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба бовари раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, пахши гузоришҳо дар бораиҷанҷолҳои марзӣ бо Қирғизистон ва ҳодисаҳои охир дар вилояти Бадахшон "хилофи арзишҳои ватандориву сулҳу суботи кишвар" мебошанд. Ин ҳарфҳоро Нуриддин Саид 8-уми феврал баён дошт. Телевизион ва радиои Тоҷикистон ниҳодҳои давлатиянд ва аз буҷаи кишвар таъмини молӣ мешаванд. Бинандагону шавандагон борҳост, онҳоро ба пахши матолиби якҷониба ва бештар барномаҳои тафреҳӣ айбдор мекунанд.