Дар Андиҷони Узбекистон аз мудирони мактабҳо "номаи виҷдон" талаб доранд

Мудири яке аз мактабҳои шаҳри Андиҷони Узбекистон гуфт, ки мақомоти маорифи он шаҳр аз ҳамаи мудирони мактабҳо "номаи виҷдон" талаб доранд.

"Мудири мактаби №41 дар шаҳри Андиҷон рӯзи 3 феврал ҳангоми гирифтани 500 доллари пора боздошт шуд. Баъди он фармон шуд, ки ҳамаи мудирони мактабҳо "номаи виҷдон" навишта, дар он савганд ёд кунанд, ки аз рӯи виҷдон кор карда, пора намегиранд", - гуфт мудири яке аз мактабҳо, ки нахост номаш зикр шавад.

Мудири дигаре аз Андиҷон ин ҳарфҳоро тасдиқ кард.

Порагирии мудирони мактабҳо дар Узбекистон дар ҳолест, ки Шавкат Мирзиёев, президенти он кишвар ду соли пеш ваъда дода буд, маоши омӯзгоронро то 1000 доллари ИМА боло хоҳад бурд. Аммо бо гузашти ду сол аз он ваъда, тағйироте дар ҳаҷми маоши омӯзгорон сурат нагирифтааст.

Маоши ҳадди миёнаи як омӯзгор дар Узбекистон наздики 200 доллари ИМА аст.