Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, гуфт, ки ба КОВИД-19 сироят ёфтааст, вале нишонаҳои ҷиддии ин бемориро дар худ ҳис намекунад.
Ӯ гуфтааст, пас аз нишонаҳои сабук ӯ ва занаш аз озмоиш гузаштанд ва собит шуд, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд.
Эрдуғон рӯзи 5-уми феврал дар саҳифаи Твитери худ навишт, ки дар хона дар карантин қарор дорад.
Дар Туркия гирифториӣ ба КОВИД-19 афзоиш ёфтааст. Рӯзи 4-уми феврал Вазорати тандурустии ин кишвар аз сабти беш аз 111 ҳазор гирифторони КОВИД-19 хабар дод.