Хонаҳоеро, ки бо “тарҳи чинӣ” дар маркази шаҳри Хуҷанд бояд сохта мешуданду баъдан иҷро нагардиданд, акнун як ширкати ватанӣ бо тарҳи дигар хоҳад сохт.
Сокинони он маҳал, ки барои иҷрои ин тарҳ манзилҳояшон вайрон гардида буд, соли гузашта аз ҳисоби ҳукумати Хуҷанд бо хонаҳои нав таъмин гардиданд, вале мавзеи “China tоwn” солҳо ба як харобазор табдил гардида буд.
Ширкати сохтмонии “Қудрат 2010” дар маркази шаҳри Хуҷанд ва канори рӯди Сир сохтмони бинои баландошёнаро огоз кардааст. Масъулони ширкат мегӯянд, дар масоҳати бештар аз 1,5 гектар 8 бинои то 16-ошёна хоҳанд сохт.
Моҳи августи соли 2015 як ширкати чинӣ 32 ҳавлии бошандагони хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷандро барои сохтмони “China tоwn” ё “шаҳраки чинӣ” вайрон кард ва тибқи лоиҳа мебоист 15 бинои навро бо изофаи мактабу кӯдакистони замонавӣ месохт. Вале пас аз чанде ба қавли мақомоти тоҷик ширкати чинӣ бо сабаби "баланд будани сатҳи об" ва "масъалаҳои дигар" дар ин минтақа аз ин тарҳ даст кашид.
"Масъалаҳои дигар"-и байни мақомоти Тоҷикистон ва ширкати чинӣ ва зараре, ки аз ин тарҳи иҷронашуда пеш омад, рӯшан нест. Акнун ширкати сохтмонии ватанӣ мегӯяд, роҳи ҳалли он мушкилро ёфта ва барои иҷрои ин тарҳ камар бастаанд.
Аъзамҷон Раҳматов, намояндаи ширкати “Қудрат 2010”, рӯзи 2-юми феврал гуфт, “мо мутахасссисони соҳаи геологияро овардем ва бо онҳо чортарафашро пурра омӯхта баромадем. Онҳо гуфтанд, дар инҷо бино сохта мешавад.”
Соли гузашта баъд аз саргардониву иҷоранишинҳои шашсола ба 32 сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз онҳо ҷабрдидаҳои "тарҳи чинӣ" низ ном мебаранд, хонаҳои нав доданд. Ҳоло мақомдорони шаҳри Хуҷанд мегӯянд, зиёнеро, ки аз ширкати чинӣ бардошта буданд, акнун ширкати ватанӣ ҷуброн хоҳад кард.
Масъулони ширкати сохтмонии "Ҳусноро-1", ки моликонаш шаҳрвандони Чин ҳастанд ва мудири кулли ширкати "Пекин" Ҷао Шин Ҷо, ки бо гурӯҳе аз меъморони чинӣ сохтмони тарҳро ниҳоӣ карда буданд, аз он замон то ҳол ба расонаҳо вокуниш накардааст. Мавқеи мақомоти ҷониби Чин то ҳол дар ин бора маълум нест.