Тоҷикистон гуфт, ба "далелҳои амниятӣ" наметавонад марзашро пурра бо Афғонистон боз кунад

Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Тоҷикистон мегӯяд, ки ба "далелҳои амниятӣ" наметавонад марзҳояшро пурра бо Афғонистон боз кунад. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ҳоли ҳозир беш аз 15 ҳазор паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар робита ба мавқеи Тоҷикистон дар баробари Толибон гуфт, ки мавқеи кишвараш дар қиболи ин гурӯҳ тағйир наёфтааст. Аммо ӯ афзуд, ки Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ва кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома медиҳад. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки кишвараш барои ҳифзи марз бо Афғонистон нерӯҳои иловагӣ фиристодааст.

Ибрози назари мақомоти тоҷик дар бораи вазъ дар марз ва паноҳандагон дар ҳолест, ки пас аз сарнагунии ҳукумати пешини Афғонистон дар 15-уми августи соли 2021, даҳҳо паноҳандаи афғон ба наздикии марз бо Тоҷикистон сарозер ва талош карданд дарёи Омуро убур кунанд. Аммо тибқи гузориши созмонҳои ҳуқуқи паноҳандагон, мақомоти тоҷик монеи убури онҳо шуданд. Дертар шуморе аз ин паноҳҷӯён гуфтанд, нерӯҳои "Толибон" онҳоро бо таҳдид аз сарҳад рондаанд.

Пас аз ба сари қудрат расидани гурӯҳи "Толибон", Тоҷикистон назорат бар сарҳадро пурзӯр кард ва чанд дафъа дар минтақаҳои марзӣ бо Афғонистон тамринҳои низомӣ баргузор намуд.

Тоҷикистон расман эълон кардааст, ки бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ надорад ва ин гурӯҳро бо расмият намешиносад. Мақомоти ин гурӯҳ ва мақомоти тоҷик борҳо ба ҳам баҳсҳои лафзӣ доштанд.