Бо гузашти 30 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, яке аз ҷумҳуриҳои собиқи он, Тоҷикистон, талош дорад, ҳуввияти тозае пайдо карда, гузаштаи коммунистии худро пушти сар гузорад. Ин тасмим ҳамвора ҷонибдорону мухолифони худро доштааст. Тарафдорони бозсозии Душанбе мегӯянд, пойтахт ба биноҳои баланду замонавӣ ниёз дорад, дигарон ба ҳифзи биноҳои қадимӣ, ки ба гуфтаашон арзиши таърихӣ дорад, даъват мекунанд.
Ин кишвари Осиёи Марказӣ бо Афғонистону Чин, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Меъморони шинохтаи Шӯравӣ дар Тоҷикистон барои қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ даҳҳо сол фаъолият намуданд.
Аммо Баҳром Юсупов, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, ки раҳбарии сохтмони бинои баландтарини шаҳри Душанбе, муҷтамаи нави Хадамоти алоқаро ба ӯҳда дошт, мегӯяд, мақоми нави пойтахт шаҳрро ба тағйироти куллӣ водор кардааст.
Ӯ гуфт: "Душанберо аз се самт кӯҳҳо ба оғӯш кашидаанд. Минтақаи васеъшавии пойтахт ҳам мушаххас ва маҳдуд мебошад. Вобаста ба он, муносибат ба замин ва сохтмони минбаъда ба нархи тило баробар аст."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷанги шаҳрвандии солҳои аввали соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки панҷ сол идома кард, навсозии пойтахти Тоҷикистонро ба таъхир гузошт. Вақте сулҳ барқарор шуд, президент Эмомалӣ Раҳмон ба обод кардани пойтахт ва хароб намудани биноҳои истиқомативу маъмурии Шӯравӣ ва сохтани манораҳои баландошёнаву ёдгориҳои нави миллӣ шурӯъ кард.
Вақте театри ба номи Маяковский ва ситоди собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тахриб шуд, ин иқдом эътирози мардумро бо талаби ҳифзи биноҳои таърихӣ ба миён овард.
"Сулолаи тоҷикон ҳазор сол пеш аз ҳокимият маҳрум шуда буд. Ҳозир соҳибистиқлолии давлати тоҷикон барқарор шудааст. Ба фикри ман, талоши бунёди шаҳри ҳаддалимкон ҷавобгӯйи ҳуввияти тоҷикон аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Шояд аз ҳамин сабаб ҳозир дар ҷойи аввал на бунёд, балки тахриби сохтмонҳои кӯҳна аст", -- мегӯяд Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик.
Дар соли 2017 генплан ё барномаи бозсозии Душанбе такмил шуда, дар ин давра дар пойтахти Тоҷикистон беш аз 500 бинову муҷтамаи нав бунёд гардидааст. Сарфи назар аз тахриби маҳаллаҳову биноҳои кӯҳна ва сохтмони биноҳои муосири ба истилоҳ "осмонхарош" ҳимоят аз мероси замони шӯравӣ зиёд нест.
Меъмор ва муаррихи тоҷик Ғафур Шерматов мегӯяд, ҷустуҷӯйи ҷанбаҳои сиёсиву идеологии бозсозии Душанбе амали дуруст нест.
Ӯ мегӯяд, "сухан дар бораи идеология бепоя аст. Ин ҷо бӯйи пул ба машом мерасад. Тамом. Замин дар маркази пойтахт гарон аст ва хуб ба фурӯш меравад. Ҳамааш ҳамин."
Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати биноҳои таърихиро тартиб дода, дар он аз ҷумла муҷтамаи Маҷлиси Олиро шомил кардааст, вале аксари биноҳои даврони шӯравӣ, ки солҳои чилуми қарни гузашта бунёд шудаанд, ба эҳтимоли зиёд аз байн бурда мешаванд.