Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ
Аз соли 1990 то 2019 раёсати ҷумҳури Қазоқистонро ба уҳда дошт.
“Дар Қонуни асосӣ навишта шудааст. Ҳама чиз рӯшану дақиқ аст. Муҳлати раҳбарии ман то моҳи декабри соли 2000-ум аст. Чаро ҳама фикр мекунанд, ки мехоҳам то охири умр ин ҷо бимонам ва бо чунин шакл кор кунам? Барои ин бояд оҳанин буд. Касе дар ин бора фикр накардааст. Ягон хел шоҳигарӣ ё монархия дар Қазоқистон нахоҳад буд. Духтарони ман ягон вақт мушовири ман нахоҳанд шуд. Қазоқистон меросӣ нахоҳад шуд. Ҳама кор тавре хоҳад шуд, ки дар Сарқонун омадааст.”
Ин ваъдаи президенти собиқи Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, аст, ки давоми 30 соли раҳбарӣ зоҳиран иҷрояшро фаромӯш кард. Вай Қонуни асосии кишварашро ба фоидаи худ тағйир дод. Унвони "Элбаси" ё "Пешвои миллат"-ро соҳиб шуд ва аз ҳама гуна таъқиб эмин монд. Назарбоев наздиконашро низ аз масуният ё дахлнопазирии беохир таъмин кард.
Дар давоми тақрибан се даҳсолае, ки Нурсултон Назарбоев дар курсии президенти Қазоқистон буд, бисёре аз хешовандонаш, аз ҷумла бародари ӯ Болат соҳиби дороии зиёд ва шахси сарватманди кишвар шуданд. Назарбоев 81-сола аст. Ӯ соли 2019 аз мансаби президентӣ истеъфо дод, вале ҳузури худро дар қудрат ҳифз кард. Аз ҷумла, дар мансаби раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон. Дар пайи ҳодисаҳои моҳи январи имсол аз ин мансаб маҳрум шуд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Аз соли 1992 то 1994 раиси Шӯрои олӣ буд. Аз соли 1994 то ҳоло президенти Тоҷикистон аст.
“Ман бар зидди пешвопарастӣ аз чораҳои ҷиддӣ кор мегирам. Набояд ба пешвопарастӣ роҳ дода шавад. Мо бояд як ҷомеаи боз ва мутамаддин бисозем ва мардум бояд ҳамеша президентро худашон интихоб кунанд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбаташ дар солҳои аввали президентӣ аз пешвопарастӣ танқид карда буд, аммо соли 2016 расман унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро соҳиб шуд ва ба таври бесобиқа ҳақ пайдо кард, ки то охири умр дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.
Ӯ ва хонаводааш умрбод аз дахлнопазирӣ бархурдоранд. Дар солҳои раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мухолифон ва рақибони ӯ аз кишвар берун рафтанд ё ба кунҷи зиндон андохта шуданд. Президенти ҳозира таҷассумгари асосии ҳамаи дастовардҳо дар Тоҷикистон дониста мешавад. Аксар фарзандон ва домоду пайвандони дигари ӯ дар мансабҳои давлатӣ фаъолият доранд ва ё ширкатҳои муҳими тиҷоратиро раҳбарӣ мекунанд.
ИСЛОМ КАРИМОВ
Аз соли 1991 то 2016 президенти Узбекистон буд.
“Ҳадафи мо дигар нашудааст. Бунёди давлати боз ва демократӣ бо иқтисоди бозаргонӣ ва сохтани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Он бетағйир мемонад.”
Дар аҳди Ислом Каримов иқтисоди Узбекистон озод набуд. Мақомот ба таври сунъӣ қурби расмии долларро боло мебурданд. Ба ин далел, дар кишвар “бозори сиёҳ” рушд кард. Ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ дар кишвар ҳифзу риоя намешуд. Мухолифон, расонаҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби давлат шадидан таъқиб мешуд.
ҚУРБОНҚУЛӢ БЕРДИМУҲАММАДОВ
Аз соли 2007 раҳбарии Туркманистонро ба уҳда дорад.
“Ман чун президенти кишвар роҳбарони ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро ҷамъ карда, гуфтам, 5 хоҳар дорам, ки ҳар кадоме духтару писар доранд. Агар касе аз онҳо саркашӣ ва кори нодурусте кард, тибқи қонун ҷазо диҳед.”
Хешовандони Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, аз ҷумла фарзандони хоҳаронаш ҳоло зиндагии шоҳона доранд. Муҳаққиони Маркази таҳқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) мегӯянд, ҳамаи моликияти ба дастовардаи онҳо, аз ҷумла хонаҳо дар хориҷи кишвар аз пули фурӯши захираҳои миллӣ аст. Ӯ писараш Сардорро шахси дуюми кишвар эълон кард.
ВЛАДИМИР ПУТИН
Аз соли 1999 ҷилави қудратро дар Русия ба даст дорад.
“Ман ҳеч вақт алоқа надоштам, ки бори сеюм дар курсии президентӣ нишинам. Ин андеша, ки агар рӯзе ба курсии раҳбари нишастӣ, бояд тамоми умр, то рӯзи марг аз ту бошад, аслан қобили қабул нест.”
Ин ҳарфҳоро замоне Владимир Путин, президенти Русия, гуфта буд. Президенте, ки аз соли 1999 ба ин сӯ курсиро аз даст додан намехоҳад ва дар мансаби раҳбарӣ ё дар нақши дигар ҳукумат меронад. Баъзан чун президент ва гоҳе дигар ҳам дар курсии сарвазир сари қудрат будааст. Соли 2020 муҳлатҳои пешинаи ширкати Путин дар интихоботҳоро бекор карданд. Акнун ӯ метавонад, то соли 2030 раҳбарии Русия бимонад. То он замон ӯ 84-сола мешавад.
АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО
Аз соли 1994 президенти Беларус аст.
“Ман ваъда медиҳам, ки диктатура нахоҳад шуд. Медонед, расонаҳо бояд гуногун бошанд. Бигзор расонаҳои давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ бошанд, вале он чизе, ки имрӯз дар шабакаҳои давлатӣ рух медиҳад, ҳамааш дурӯғ аст. Ин чӣ ваҳшат аст. Васоити ахбори омма таҷовуз мешавад, хабарнигорон ҳам метарсанд. Ман ҳеч вақт ин корро нахоҳам кард.”
Александр Лукашенко дар суҳбати дигараш гуфта буд, “ҳамаи мо дар интихоботҳо чизе ваъда медиҳем, аммо вақте ба сари қудрат меоем, зуд фаромӯш мекунем. Вале ман фаромӯш намекунам. Фарқияти Лукашенко аз дигарон ҳамин аст.”
Ҳоло дар кишвари президенте, ки замоне чунин ваъдаҳо дода буд, фаъолияти расонаҳои мустақил манъ аст. Танҳо дар соли 2021 ҳудуди 300 расонаи интернетӣ баста шуд. Ҳукумат онҳоро “террорист” номид. Беш аз 30 хабарнигор ба маҳбас кашида шуда, тақрибан 1000 нафар маҳбуси сиёсӣ дониста шудаанд.