Тақдири хукҳои фермаи Деҳмой чӣ шуд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар пайи шикояти сокинони деҳаи Деҳмой ва ҷаримаҳои чандбора, Насим Дӯстматов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи хукпарвариашро барҳам додааст. Соли гузашта, додгоҳ молики фермаи хукпарвариро дар канори руди Сир барои олуда кардани об ба якуним сол кори маҷбурӣ маҳкум кард.