Татяна Ярмошук
"Настоящее Время" бахшида ба 30-юмин солгарди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ҳаракатҳои миллии ҷумҳуриҳои пешини СССР, ки ба миён омадани онҳо баъд аз оғози бозсозӣ имконпазир шуд ва ҳамчунин таъсири онҳо ба рушди вазъи минтақа тарҳеро омода кардааст.
"Тоҷикистон дар замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз кишварҳои фақиртарин буд. Он манбаъҳои ҷиддӣ надошт ва дар як гӯшаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама ҷудо монда буд," -- мегӯяд, доктори илмҳои таърих Сергей Абашин.
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби маблағҳои ҷудошудаи иловагӣ пеш мерафт ва то 60 дарсади даромадҳоро Маскав таъмин мекард. Дар ҳоле ки дар он мизони баланди таваллуд сабт мешуд ва шумори аҳолияш босуръат афзоиш меёфт (Аз соли 1959 то соли 1981 шумори аҳолӣ беш аз 2,5 баробар зиёд шуда буд).
Охирҳои солҳои 1970-ум дар Тоҷикистон чаҳор гуруҳи асосии номенклатурӣ ташкил шуд. Тамоми мансабҳои калидиро дар дастгоҳи ҳизбӣ намояндагони вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) дар ихтиёр доштанд. Зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар дар Вазорати корҳои дохилӣ буданд ва барои мансабҳои калидӣ дар ин вазорат бо онҳо сокинони минтақаи Кӯлоб рақобат мекарданд. Зодаҳои Ғарм аз ҳама бештар дар бахши тиҷорат фаъолият доштанд. Миёни ин гуруҳҳо охири солҳои 1980-ум мубориза шуруъ шуд.
"Сарфи назар аз он ки ҶШС Тоҷикистон як ҷумҳурии фақир буд, аз солҳои 70-80-ум рушди соҳаи саноат дар он оғоз шуд. Сармояҳои назаррас ба ин кишвар равона мешуданд. Вале охири солҳои 80-ум миқдори сармояҳо хеле кам шуд. Дар ин вазъи ақибмонӣ ва на он қадар баланд будани сатҳи зиндагии мардум бӯҳрони иқтисодӣ ба миён омад. Ҷумҳурӣ бе ягон чиз монд. Дар он таназзули воқеии иҷтимоиву иқтисодӣ ба вуҷуд омад, ки баъдан ба ҷанги "ҳама зидди ҳама" табдил ёфт," -- изҳор медорад Абашин.
Тоҷикистон истиқлоли худро 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард ва он замон дар миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ мушкилтарин вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дошт. То оғози ҷанги шаҳрвандӣ, ки беш аз 100 ҳазор қурбонӣ бар ҷой гузоштааст, камтар аз як сол монда буд.
Ба назари Абашин, "ин ҷанги исломиҳо зидди дунявиҳо ё коммунистон алайҳи антикоммунистҳо набуд. Баъзан мегӯянд, як минтақа зидди дигарон – шимолиҳо алайҳи ҷанубиҳо буд. Вале онҳо дар ҷануб ҳам тақсим шуда буданд. Дар асл он ҷанги ҳама зидди ҳама барои дастрасӣ ба манбаъҳои на он қадар бузурге ба ҳисоб мерафт, ки ҳанӯз боқӣ монда буданд."
Бозсозӣ, забон ва "Растохез"
Дар ҶШС Тоҷикистон охири солҳои 1980-ум дар қиболи Ҳизби коммунист нерӯҳои алтернативӣ ба миён омаданд. Машҳуртарини онҳо ҳаракати "Растохез" ва Ҳизби ҳамакнун дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба шумор мерафтанд.
Ҳаракати "Растохез" 14-уми сентябри соли 1989 таъсис ёфта, ҳадафи худро ташкили давлати дунявии демократӣ меномид. "Дар аввал худи Ҳизби коммунист кӯшиши сохтакоронаро барои ба миён овардани ҳаракатҳои нави сиёсӣ анҷом дод, зеро сиёсати бозсозӣ инро талаб мекард. Аммо ин кӯшишҳо ноком анҷомиданд, чун онҳо аз боло оғоз меёфтанд. Дертар ҳаракате аз поён оғоз шуд, ки онро масъалаи забон барангехта буд,” -- ёдовар шуд мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, нависанда Салими Аюбзод.
Талаби мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ 25-уми феврали соли 1989 дар ҷараёни тазоҳуроти чандин ҳазор нафар дар майдони марказии шаҳри Душанбе бори аввал садо дод. Дар ин тазоҳурот донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва ҳамчунин рӯзноманигорон иштирок доштанд.
Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 қонунеро, ки ба забони тоҷикӣ дар кишвар мақоми давлатӣ бахшид, қабул кард. "Баъди ин тазоҳурот, даъвати мардум ба эътирозҳо муд шуд. Намояндагони дастгоҳи марказии Иттифоқи ленинӣ барои ба зери чатри худ даровардани рағбатҳои эътирозӣ, дар яке аз ингуна тазоҳурот даъват карданд, ки анҷуманҳои сиёсӣ ташкил карда шавад. Ҳамин тариқ, моҳи марти соли 1989 қисман бо ташаббуси комсомолҳо ва қисман ҷомеаи шаҳрвандӣ нахустин анҷумани сиёсӣ бо номи “Рӯ ба Рӯ” ташкил шуд. Дертар ба он аъзои ҳукумат ва вакилони порлумонро ҳам даъват карданд. Боре тамоми раҳбарияти КГБ (Кумитаи амнияти давлатӣ) низ даъват шуда буд," -- илова кард Аюбзод.
Ба гуфтаи Салими Аюбзод, ҳаракати сиёсии "Растохез" низ баъдан маҳз аз анҷумани "Рӯ ба Рӯ" ба воя расид: "Он як созмони дорои ойиннома, барнома, раёсат ва раҳбарият буд. "Растохез"-ро дар яке аз толорҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як гурӯҳи профессорҳо таъсис дода, корманди Академияи илмҳо ва яке аз иқтисодшиносони машҳур Тоҳири Абдуҷабборро раҳбар интихоб карданд. Сипас, пайдошавии анҷуманҳои сиёсие ба монанди "Рӯ ба Рӯ" ё созмонҳои дигар дар саросари кишвар оғоз шуд. Баъзе аз онҳо ба ҳаракати "Растохез" пайвастанд, ки дар натиҷа онро ба як созмони умумимиллӣ табдил доданд."
Ҳаракати "Растохез" зуд шуҳрат пайдо мекард. Он дар аввал дар бораи соҳибихтиёрӣ идеяи дақиқ надошт, вале идеяи "касби истиқлоли воқеии Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Шӯравии озоду васеъро дошт". Барномаи "Растохез" ба идеяи эҳёи анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикон тамаркуз карда, ҳамчунин ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ пешбинӣ мекард.
"Ҳизби коммунист дар ташвиш афтод. Зеро на танҳо "Растохез", балки гуруҳу созмонҳои дигар низ ба миён омаданд. Барои намуна, "Куруши Кабир", ки намояндагонаш бо шиорҳои даъват ба муттаҳидшавӣ бо Эрону Афғонистон – ду кишвари форсизабон ба кӯчаҳо баромаданд. Ҳамчунин гуруҳҳои мазҳабии дигар низ буданд, ки аллакай ошкоро мегуфтанд, низоми сотсиалистӣ нотавонмандии худро намоиш дод ва бояд ба манбаъҳои исломӣ баргашт," -- афзуд мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ.
Феврали хунин
Тобистони соли 1990 дар шаҳри Душанбе ҳаводиси дигаргуниоваре рух дод, ки оғози як ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар пешбинӣ мекард. Ҳудуди 200 нафар 11-уми феврали он сол дар назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷамъ шуданд. Ба ин таҷаммуъ овозаҳое сабаб шуд, ки гуё як гуруҳи гурезаҳои арманиро ба пойтахти Тоҷикистон овардаанд ва мехоҳанд, ба онҳо дар баландошёнаҳои нави шаҳр хона бидиҳанд. Намояндагони мақомот ба назди тазоҳургарон баромада, ваъда доданд, ки фардо ҳақиқат доштани ин овозаҳоро тасдиқ ё рад хоҳанд кард.
Рӯзи 12-уми феврал анбуҳи одамон дубора дар ҳамон ҷо ҷамъ шуд. Вале ягон нафар аз раҳбарон ба назди онҳо набаромад. Қудратиҳо ба пароканда кардани тазоҳургарон пардохтанд. Дар натиҷа, тазоҳуроти осоишта ба бетартибии оммавӣ печид. Эътирозгарон ба бинои Кумитаи марказию Вазорати хоҷагии об ҳамла ва фурӯшгоҳҳоро ғорат карданд. Дар Душанбе соати комендантӣ эълом шуда, бегоҳ гуруҳи "Алфа" (воҳиди махсуси КГБ) ба шаҳр баромад. Низомиён ба самти тазоҳургарон оташ кушоданд, ки дар натиҷа 25 кас кушта ва беш аз 400 кас захмӣ шуданд.
Шоири тоҷик Доро Наҷот он рӯзҳо ҷасади бародари 18-солаи худро дар бемористони шаҳрии рақами 5 пайдо кард. Бародари шоир Туймуҳаммад Наҷотов барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омодагӣ медид ва то замони оғоз шудани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар корхонаи нассоҷии Душанбе кор мекард. Наҷотов дар тазоҳурот иштирок карда, захмӣ мешавад ва дар бемористон ҷон медиҳад.
"Ман то ҳол намедонам, ки дар корхонаи нассоҷӣ чи гузашт, киҳо онҷо ҷамъ шуданд ва кӣ бародари маро ба он майдон бурд. Танҳо ҳаминро медонем, ки ӯ ба майдони “Шаҳидон” рафтааст ва дар онҷо ба шикамаш мепаронанд. Ин тир аз боми Бинои ҳукумат, ки дар онҷо Қаҳҳор Махкамов (котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунист) менишаст, паронда шудааст," -- ба ёд меорад Доро Наҷот.
Эътирозҳо дар Душанбе бо вуҷуди истифодаи нерӯ идома ёфтанд. Мақомот маҷбур шуданд, бо намояндагони "Кумитаи 17", ки аз сӯи эътирозгарон ташкил шуда буд, пушти мизи гуфтушунид нишинанд. Котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунист Қаҳҳор Маҳкамов, раиси Шӯрои вазирон Иззатуло Ҳаёев ва раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев аллакай 13-уми феврали ҳамон сол истеъфо доданд.
Хабари истеъфо дар нашрияҳои маҳаллӣ чоп ва тавассути телевизиони давлатӣ пахш шуд. Вале Маҳкамов, Ҳаёев ва Паллаев аллакай як рӯз баъд аз ваъдаҳои худ даст кашида, раҳбарони “Кумтаи 17” – Бӯрӣ Карим, раҳбари “Растохез” Тоҳири Абдуҷаббор, шоир Бозор Собир ва вазири вақти фарҳанг Нур Табаровро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор карданд.
Қаҳҳор Маҳкамов моҳи апрели соли 1990 раиси Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон ва 30-юми ноябр президенти Тоҷикистон интихоб шуд.
Беш аз 100 корманди КГБ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Иттиҳоди Шӯравӣ ба таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи феврали Душанбе ҷалб шуданд. Онҳо тафтишотро дар муддати чаҳор моҳ анҷом дода, парвандаро ба қудратиҳои ҷумҳурӣ супурданд. Аммо парванда баъд аз як сол ба далели набудани таркиби ҷиноят қатъ шуд.
Саиданвар Камолов соли 1990 шуъбаи тафтишотии КГБ-и ҶШС Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард. Ӯ дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд, ки “ҳудуди 200-250 кас 11-уми феврал дар назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҷамъ шуданд. Талаби асосии онҳо ихроҷи гурезаҳои арманӣ аз ҷумҳурӣ буд, ки барояшон манзили зист ҷудо карда буданд. Зеро дар кишвар бе ин ҳам барои сокинони маҳаллӣ хона намерасид.”
Ҳарчанд тафтишот то охир ба поён расонда нашуд, аммо маълум гашт, комиссия далелеро пайдо накардааст, ки овозаҳо дар бораи хонадиҳӣ ба гурезаҳои арманиро дар Душанбе тасдиқ кунад. Албатта, даҳҳо хонаводаи арманӣ он шабу рӯз дар Душанбе пайдо шуданд, вале ними онҳо дар хонаи хешовандони худ зиндагӣ мекарданд ва ба ними дигар кумаки на онқадар бузурги молӣ ба маблағи аз 35 то 80-рублӣ ҷудо шуда буд.
Саиданвар Камолов дар суҳбати чанд сол пеш даст доштани КГБ-ро дар он ҳаводис рад карда буд: “Мо дар натиҷаи тафтишот муайян кардем, ки дар маҳаллаи “Южний”, дар ҷануби Душанбе раҳбари тазоҳургарон Мулло Абдуғаффор буд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ нафаре бо номи Боев раҳбар буд. Рӯҳониёни дигаре буданд, ки дар масҷидҳо кор мебурданд. Дар рафти тафтишот гуноҳи ин одамон исбот шуд ва як қисмашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Маҳз онҳо мардумро таблиғ мекарданд, ки дар тазоҳурот иштирок кунанд.”
Аммо дар миёни шоҳидони ҳаводиси мазкур шахсоне ҳастанд, ки назари дигар доранд. “Он кори гуруҳҳои махсус буд. Ҳарчанд мо далелҳои тасдиқкунанда надорем, ки кори кадом гуруҳ ва маҳз киҳо буд. Бо гузашти вақт маълум шуд, ки ин корро атрофиёни муайяни ҳукумати марказӣ анҷом доданд ва маҳз онҳо ин бадбахтиро дар Тоҷикистон барангехтанд,” -- мегӯяд шоҳиди ҳаводиси он рӯз, рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода.
Ҳизби демократӣ ва эҳёи исломӣ
Ҳаводиси моҳи феврали соли 1990 ду ҳафта пеш аз интихоботи порлумонӣ, ки қарор буд 26-уми феврал баргузор шавад, рух дод. “Ҳаракати “Растохез” тақрибан дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ номзадҳои худро пешбарӣ карда буд. Вале КГБ ва Ҳизби коммунист тавонистанд, дар бетартибиҳои моҳи феврали Душанбе ҳаракатҳои нави сиёсиро айбдор кунанд. Гунаҳкори асосии ин ҳодисаҳо ҳаракати “Растохез” эълом шуд. Бинобар ин, номзадҳои “Растохез” танҳо дар се ҳавзаи интихоботӣ пирӯз ва вориди порлумон шуданд. Баъд аз ин, бисёриҳо аз узвият дар “Растохез” даст кашиданд. Сипас ҳаракати нави сиёсӣ – Ҳизби демократии Тоҷикистон ташкил шуд, ки ба сафи он баъзе аз коммунистҳои хориҷшуда аз Ҳизби коммунист пайвастанд,” -- изҳор медорад Аюбзод.
Ҳамчунин он замон дар ҶСШ Тоҷикистон ҳаракати исломӣ низ шуҳрат пайдо мекард. “Исломи воқеӣ дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон зери парда рафта буд. Идораи рӯҳониён, масҷидҳо ва муллоҳои расмӣ буданд ва бо КГБ ҳамкории зич доштанд. Ҳамзамон дар деҳаҳои дурдаст муллоҳое фаъолият доштанд, ки ба насли нав исломи ба гуфтаи худашон воқеиро меомӯзонданд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ маҳз дар асоси ҳамин гуруҳҳо ташкил шуд,” -- илова кард Салими Аюбзод.
Ҳизби наҳзати исломӣ дар қаламрави Шӯравии пешин соли 1989 дар Астрахан таъсис ёфт. Бахши он зуд дар ҶШС Тоҷикистон пайдо шуд. “Дар аввал он танҳо як кӯшиши таъсиси ҳаракати исломии умумииттифоқӣ дар пасманзари баргашти дин ба ҳаёти иҷтимоӣ буд. Вале Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хеле зуд мустақил шуд,” -- мегӯяд таърихшинос Сергей Абашин.
“Он чи менависанд, ки гуё ҳизби исломӣ зери нуфузи гуруҳҳои хориҷӣ таъсис ёфта, аз кишварҳои исломӣ кумаки молию моддӣ дарёфт мекард, сафсата аст. Онҳо дар аввал ҳеч робитае надоштанд. Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон берун омад, тарҷумонҳо бо худ китобҳои зиёд, аз ҷумла китобҳои динӣ оварданд. Сипас баъзе аз аъзои ҳизб пинҳонӣ рафтан ба Афғонистонро оғоз карданд, то воқеияти исломро бубинанд. Онҳо аллакай аз онҷо бо адабиёт ва робита бармегаштанд. Бинобар ин, вақте ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, бархе аз аъзои ҳизб аллакай дар Афғонистон робитаҳо доштанд ва онҳо тавонистанд дар онҷо маскан гирифта, ба тоҷикони фирорӣ аз ҷанг кумак кунанд,” -- афзуд Аюбзод.
Роҳ ба сӯи ҷанг
Рӯзи 17-уми марти соли 1991 раъйпурсии умумииттифоқӣ дар бораи ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор шуд. Беш аз 95 дарсади сокинони ҶШС Тоҷикистон ба ҷонибдории иттиҳод раъй доданд. Баландтар аз ин нишондод танҳо дар ҶШС Туркманистон сабт шуд. Тақрибан 98 дарсади туркманистонҳо овоз доданд, ки СССР ҳифз шавад.
Дар шаҳри Маскав 18-уми августи соли 1991 ошӯб бархост. Мақомоти вақти Тоҷикистон мавқеи интизориро пеш гирифта, тамоми се рӯзи муқобилиятҳо хомӯш истоданд. Онҳо баъди нокомии ГКЧП низ мавқеи бетарафиро нисбат ба ошӯби баҳамзада ҳифз карданд. Мухолифон, баръакс, зидди ГКЧП баромаданд.
Ба таври фишурда хоҳем гуфт, ки ошӯбро кӣ ошӯб номид, дар назди Кохи сафед чиро муҳофизат мекарданд, чӣ гуна Маскав тонкҳоро баровард, дар зери онҳо киҳо ҷон доданд, аз 18 то 21-уми августи соли 1991 дар пойтахти СССР ва берун аз он чӣ рух дод ва ҷавонони муосири Русия дар бораи ошӯби соли 1991 чиро медонанд?
“Ман ва чандин нафари дигар 21-уми август ба назди бинои ҳукумат рафтем. Бо президент Қаҳҳор Махкамов суҳбати алоҳида доштем. Мо талаб доштем, ки ӯ бо мо вохӯрда, мавқеи худро баён кунад. Вай моро пазируфт, вале мавқеашро рӯшан накард. Тавре гап мезад, ки фаҳмида наметавонистем ӯ ГКЧП-ро ҷонибдорӣ мекунад, ё не,” -- ба ёд меорад Мамлакат Ҷайчиева, ки он рӯзҳо Ҳизби демократиро намояндагӣ мекард.
Дертар баъзе аз раҳбарони давлатию ҳизбии Тоҷикистон, аз ҷумла Қаҳҳор Махкамов бо гумони ҷонибдории кӯшиши табаддулоти давлатӣ мақомҳои худро аз даст доданд.
Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 мустақил шуд.
Рӯзи 24-уми ноябр дар Тоҷикистон нахустин интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ҳизби коммунист номзадии Раҳмон Набиевро, ки аз пуштибонии сокинони Ленинобод ва минтақаи Кӯлоб бархурдор буд, ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард. Мухолифон коргардон Давлат Худоназаров, зодаи Бадахшонро номзади худ эълон карданд. Номзадии Худоназаровро Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳаракати “Растохез” ва рӯҳониёни мусулмонон ҷонибдорӣ мекарданд. Ба Набиев 52 дарсади тоҷикистониҳо раъй доданд ва Худоназаров танҳо 30 дарсади овозҳоро соҳиб шуд.
Сокинони ҶШС Тоҷикистон ба хотири таъмини имкони баробар барои ҳамаи номзадҳо дар интихоботи президентии 24-уми ноябри соли 1991 истеъфои Раҳмон Набиевро аз мақоми раисии Шӯрои олӣ талаб карданд.
Иттиҳоди Шӯравӣ 26-уми декабри соли 1991 барҳам хӯрд. Вазъ он замон дар Тоҷикистон “гармтар” мешуд. Мақомот баъди пирӯзии номенклатурҳо ба мухолифон гузашт накарда, кӯшиш мекард, ҳамаи ташаббусҳои онҳоро пахш кунад. Ин эътилофи исломиҳову демократҳоро тақвият мебахшид.
Охирҳои моҳи марти соли 1992 дар майдони “Шаҳидон”-и Душанбе тазоҳуроти мухолифон оғоз шуд. Тазоҳургарон дастрасии баробар ба қудрат, интихоботи одилона ва ислоҳоти демократиро талаб мекарданд. Намояндагони мақомот низ баъди мухолифон ҷонибдорони худро ба майдони “Озодӣ” бароварданд.
Ду майдон аллакай баъди як моҳ кишварро ба ду ҷониби даргир тақсим карданд. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Он панҷ сол давом карда, ҷони беш аз сад ҳазор одамро рабуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард, ки дар ниҳоят мухолифонро аз байн бурд ва тақрибан се даҳсола боз ҷилави ҳукуматро ба даст дорад.