Мақомоти Украина як зани 32-соларо аз Тоҷикистон бо гумони узвият дар созмонҳои террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Одесса дастгир кардаанд.
Аз зан ном бурда намешавад. Ба иттилои расмӣ, ӯро Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ меҷуст.
Хадамоти давлатии марзбонии Украина гумонбарро ба кормандони пулиси миллӣ супурдааст ва “масъалаи истирдодаш дар ҳоли баррасист”.
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қазони вилояти Тотористони Русия як зани 43-солаи тоҷикистониро бо иттиҳоми таблиғи гурӯҳи террористӣ боздошт карданд. Ин зан, ки дар Қазон ба сар мебурд, бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир гардидааст.
Додгоҳи шаҳри Қазон 14-уми январи имсол ӯро барои як моҳ ба ҳабс гирифт. Эҳтимол ин зан ба Тоҷикистон истирдод шавад. Дар ватан ба ӯ аз 12 то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.
Ба сабаби маълум набудани номи гумонбарон мавқеи онҳо ва ё наздикону вакилони мудофеашон низ дастрас нест.