Гаравгононро аз канисаи яҳудиён дар Техас озод кардаанд

Гаравгононро маъмурони Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико раҳо кардаанд. Акс аз бойгонист.

Дар Амрико чаҳор нафарро аз дасти як марде раҳо карданд, ки бо талаби озодии як зани покистонии гунаҳкор бо ҳамкорӣ бо Ал-Қоида онҳоро дар дохили як канисаи яҳудиён дар Техас гаравгон гирифта буд.

Ин мард чаҳор нафар, аз ҷумла хохоми канисаи ҷамоаи исроилиёнро дар шаҳри Коллейвил дар иёлати Техас рӯзи 15-уми январ гаравгон гирифт. Барои раҳоии гаравгонон ба маъмурони амниятӣ беш аз 10 соат лозим шудааст. Губернатори иёлати Техас Грег Аббот дар Твиттер навишт, ки моҷаро ба поён расид. Дар твитти ӯ омадааст: “Дуоҳо мустаҷоб шуд, тамоми гаравгонон сиҳату саломат озод карда шуданд.” Сардори Раёсати пулиси Коллейвил дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки гаравгонгир, “вафот кардааст”.

Яке аз гаравгонҳоро 6 соат баъд раҳо карданд ва баъди 10 соат гуруҳе аз маъмурони амниятии FBI ва ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико ба канисо юриш бурда, се гаравгони боқимондаро беосеб озод кардаанд.

Ба гуфтаи Раёсати пулиси Коллейвил ба онҳо соати 10:40 вақти маҳаллӣ хабар расид, ки ҳангоми ибодат дар канисаи яҳудиён чаҳор нафарро гаравгон гирифтаанд. Маросими ибодат мустақим дар Фейсбук нашр шудааст.

Бино ба гузоришҳо дар навор дар Фейсбук шунида мешуд, ки як марде фарёд мезад, ки Офия Сиддиқӣ як табиби покистонӣ аз зиндон озод карда шавад, ки ӯро соли 2010 бо гуноҳи талоши қатли афсарони амрикоӣ дар Афғонистон ба зиндон маҳкум кардаанд. Ӯ дар он замон дар зиндон будааст ва дар Амрико ба 86 соли зиндон маҳкум шуд ва онҷо ҳукмашро адо мекунад.

Раёсати амнияти омма дар аёлати Техас гуфт, ки ин мард талаб дошт, “хоҳараш”, ки зоҳиран ишорае ба Офия Сиддиқӣ буд, озод карда шавад. Дар байнияи ин раёсат, ки пеш аз хатми моҷаро нашр шуд, омадааст: “Ин мард иддао мекард, ки пас аз дидори ӯ бо хоҳараш ҳардуяшон ба ҷаннат хоҳанд рафт.” Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико гуфтааст, ки бо назардошти идомаи тафтишот дар робита ба масъалаи Офия Сиддиқӣ шарҳе дода наметавонад.

Маъмури вижаи хадамот Матт Десарно дар як нишасти хабарие гуфт, ҳоло ҳеч аломате вуҷуд надорад, ки ин мард, ҳалқае аз хориҷ бошад, вале тафтиш ин масоилро ҳам таҳқиқ хоҳад кард.

Марво Элбиёлӣ, вакили дифои Офия Сиддиқӣ ба Си Эн Эн гуфт, марди гаравгонгир бародари Сиддиқӣ нест. Расонаҳои амрикоӣ аввал чунин гузориш медоданд. Шӯрои Амрикоиву Исломии Амрико амалкарди гаравгонгирро маҳкум кард. Ин созмон дар як баёния гуфт:”Ҳамлаи яҳудиситезона ба зидди яҳудиёни амрикоӣ дар каниса, як амали шайтонӣ аст."

Ҷо Байден раиси ҷумҳури Амрико дар як баёнияе гуфт, гуфт, гаравгонҳо ба шарофати “кори далеронаи неруҳои интизомии, давлатӣ, федералӣ ва маҳаллӣ озод шуданд.”

Ӯ афзудааст, ки дар рӯзҳои оянда сабабҳои рафтори гаравгонгир бештар маълумот хоҳанд гирифт ва афзудааст: “Иҷоза диҳед, ба ҳар касе, ки нияти нафратпароканӣ дорад, бигӯям, ки мо ба муқобили яҳудиситезӣ ва зуҳури ифротгароӣ дар ин кишвар мубориза хоҳем кард.”