Дар Амрикову ҳар кишвари дигар мардум солона як ё ду дафъа бемории зуком ё сармохӯрдагӣ мегиранд. Албатта барои ҳар кас ин бемории сабук нороҳаткунанда аст, вале таҳқиқоти нав нишон додааст, ки зукоми маъмулӣ одамонро то ҳадде аз вирусҳои хатарноктар муҳофизат мекунад.
Як суоле, ки ҳамеша донишмандонро ҳайратзада кардааст, ин аст, ки чаро баъзе аз одамон ба СOVID-19 сахт муқовим ҳастанд ва коронавирус ба онҳо ба осонӣ сироят намекунад. Ҳоло муҳаққиқони Коллеҷи Салтанатии Лондон фарзияеро барои посух додан ба ин суол таҳқиқ доранд. Онҳо мегӯянд, ҳуҷайраи Т, ки бадан барои маҳви вируси зуком меофарад, то ҳадде аз коронавирус муҳофизат мекунад.
Профессор Аҷит Лалвонӣ, яке аз ин муҳаққиқон аст. Ӯ мегӯяд, "вирусҳои сармохӯрдагии маъмулӣ то ҳадде ба коронавирус, ки СOVID-ро бармеангезад, хешанд. Аз ин рӯ вирусҳои зукоми маъмулӣ, ҳуҷайраи Т-ро ҳосил мекунанд, ки қодир ба шинохти вируси COVID аст ва бо он мубориза мебарад. Мо ҳоло ҳамин фарзияро таҳқиқ дорем".
Таҳқиқ моҳи сентябри соли 2020 оғоз шудааст ва пеш аз ваксинзании саросарӣ ва пеш аз онки мардуми зиёде ба COVID гирифтор шаванд. Донишмандон хуни 52 нафареро, ки дар як хона зиндагӣ мекардаанд озмоиш кардаанд. Нисфе аз онҳо СОVID гирифтаанд ва нисфи дигар не.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аҷит Лалвонӣ, аз Колеҷҷи Салтанатии Лондон мегӯяд, "дар бадани онҳое, ки бар асари зукоми пешина ҳуҷайраи Т мавҷуд буд, ин ҳуҷайраҳо коронавирусро шинохта, маҳв кардаанд, аз ин рӯ онҳо бемор нашудаанд.
Ваксинаҳои феълӣ, ки масунияти баданро бармеангезанд, сатҳи беруниии коронавирусро ҳадаф мегиранд, ки қодир ба тағйиру эмин мондан дар бадан ҳастанд.
Ба гуфтаи Аҷит Лалвонӣ, "баръакс, мо он ҳуҷайраҳои Т-ро ошкор кардем, ки воситаи муҳофизат ҳастанд ва ба протеинҳои дохили вирус мубориза мекунанд. Ин протеинҳо бисёр кам тағйир меёбанд. Барои ҳамин ёфтаҳои мо заминаро барои тавлиди ваксинаи ҷаҳонӣ бо ҳуҷайраи Т фароҳам мекунад, ки метавонад, одамонро аз навъҳои кунунӣ ва ояндаи COVID муҳофизат намояд".
Ҳарчанд дурнамои хуб аст, вале барои истеҳсоли чунин ваксина роҳи дарозе дар пеш аст. Айни замон муаллифони таҳқиқ мегӯянд, ҳеч кас набояд барои эминӣ аз COVID ба зукому сармохӯрдагӣ умед бандад. Беҳтарин роҳи эминӣ ба гуфтаи онҳо, гирифтани ваксина аст.