Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи ба кишварҳои ҳамсоя расидани “омикрон”, навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус, назорат дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро сахттар кардаанд. Онҳо хатари вуруди “омикрон”-ро ба кишвар зиёд медонанд, аммо беморонро рад мекунанд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз сокинон аз таби баланду дарди гулӯ ва устухонҳо шикоят доранд.
Чораҳо кадоманд?
Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, назорат дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ пурзӯр шудааст. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, мусофирон пеш аз сафар ба Тоҷикистон тест месупоранд, вале баъди расидан ба фурудгоҳ дубора аз ташхис мегузаранд.
Ин масъули Вазорати тандурустӣ гуфт, хатар зиёд аст ва “омикрон, мумкин аст, имрӯз ё пагоҳ ворид шавад.” “Одамон рафтуомад доранд. Парвози ҳавопаймоҳо ба давлатҳои дигар, бахусус ба Аврупо (тавассути Туркия ва Дубай) то ҳол баста нашудаанд. Ба ҷуз ин, ҳавопаймҳои ширкатҳои маҳаллӣ ва байнулмилалӣ ба Тоҷикистон аз давлатҳои дигар, аз ҷумла Русия ва Узбекистон омада истодаанд,” -- афзуд Наврӯз Ҷаъфаров.
Навъи ҷаҳишёфтаи COVID дар Узбекистону Қирғизистон
“Омикрон” назар ба навъҳои дигари коронавирус зудтар паҳн мешавад, вале ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, хатари фавт аз он камтар аст. То ин дам дар Узбекистону Қирғизистон гирифторӣ ба навъи “омикрон” сабт шудааст. Мақомоти Тоҷикистон исрор доранд, ки дар Тоҷикистон то ҳол гирифторӣ ба ин навъи вирус сабт нашудааст.
Рӯзи 13-уми январ дар Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, феълан ягон мубталои COVID-19 бистарӣ нест. Бори охир, рӯзи 20-уми ноябри соли гузашта, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабт шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 хабар дода буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таби баланд, дарди гулӯ ва устухонҳо
Вале ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки рӯзҳои охир дар ташхисгоҳҳои мустақили кишвар баъзе мавридҳои гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Аз ҷумла, ташхиси рӯзноманигор Нурангез Рустамзода рӯзи 12-уми январи имсол дар ташхисгоҳи “Диамед”-и шаҳри Душанбе мусбат баромадааст.
Рустамзода 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ рӯз боз бемор аст: “Се рӯзи аввал умуман наметавонистам аз ҷой бархезам ва ягон чиз бихӯрам. Таби баланд, дарди сахти гулӯ ва устухонҳо аз нишонаҳояш аст. Бори аввал аст, ки ба чунин дард гирифтор мешавам ва тоқат кардан бисёр мушкил аст.”
Дар Тоҷикистон ташхисгоҳҳои мустақил омори ошкор шудани гирифторӣ ба COVID-19-ро мустақим ба Вазорати тандурустӣ мефиристад. Ҳанӯз маълум нест, ки чаро Вазорати тандурустӣ дар пахши омори нави гирифторони COVID-19 таъхир дорад. Давоми ду соли пандемия мақомоти тоҷикро борҳо барои пинҳонкорӣ дар пахши омори гирифторон ва фавтидагон аз COVID-19 танқид кардаанд, вале Вазорати тандурустӣ ҳамеша чунин танқидҳоро рад кардааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 17 ҳазору 95 кас ба коронавируси нав мубтало шуда, 124 нафар фавтидаанд. Баъзе аз сокинону мутахассисон теъдоди беморон ва ҷонбохтагонро бештар аз ин мегӯянд.