Соли гузашта 33 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ дар Душанбе фавтидааст

Акс аз як садама дар Душанбе

Пулиси Душанбе соли 2022-ро "Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" эълон кардааст.

Дар як хабарномаи РВКД-и Душанбе гуфта шудааст, ки соли гузашта дар хиёбонҳои Душанбе 242 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Пулиси Душанбе мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо сокинон талош хоҳад кард, ки садама дар роҳҳоро коҳиш диҳад.

Аз ин пеш низ Раёсати ВКД дар Душанбе аз сокинон хост, ки ҳар куҷое нақзи қоидаҳои роҳро диданд, ба онҳо хабар диҳанд.