Эътирози мардум ба зидди болоравии нархи гази моеъ дар Қазоқистон, ки рӯзи 2-юми январ оғоз шуд, ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ табдил ёфт ва ба хунрезӣ печид. Раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев тазоҳургаронро "террорист" номид ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мадад хост. Норозиён ислоҳоти сиёсӣ ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб доранд.
Чӣ сабаб шуд, ки дар кишвари амнтарину сарватмандтарини Осиёи Марказӣ эътироз сар занад?
То куҷо эътирозҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт?
Баҳси имрӯзи “Гапи озод” ба ҳамин масъала бахшида мешавад ва меҳмонони барнома Боир Саидов, коршиноси минтақа аз беруни Тоҷикистон ва таҳлилгар Абдумалик Қодиров аз Душанбе даъват шудаанд.
Иқтибосҳое аз барнома:
- “Ҳеч кас пешгӯӣ карда наметавонист, ки кай ва дар куҷо чунин ҳодиса рӯй медиҳад, вале... Назарбоев дар тӯли қариб 30 сол дар онҷо як ҳукумати хонаводагӣ сохт. Аксари бойгариҳо ва захираҳои кишвар ба дасти як гуруҳи хурди мардум расида буд ва фарқ байни қишрҳои ҷомеа хеле зиёд шуда буд.”
- “Хеле аз сиёсатмадорону касоне, ки ман суҳбат доштам, ҳама шокӣ буданд. Яъне, касе бовар надошт, ки ин кор рух медиҳад. Чизе, ки то ин дараҷа рух дод, ин як фоҷиаи инсонист.”
- “Воқеаҳои Қазоқистон нишон дод, ки кишварҳои пасошӯравӣ ҳеч соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли комилро надоранд. Ҳамаи онҳо зери таъсири Русия ҳастанд ва Русия фақат метавонад, дар фазои тамоми кишварҳои пасошӯравӣ таъсири худро расонад.”
- “Ҳукумати Тоҷикистон бояд аз ин ҳодиса барои худ як дарси ибрат бигирад. Мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дорад, ҳамин рӯз бояд ҳал карда шавад ва набояд мунтазир шавем, ки мардум даст ба шӯришу бетартибиҳо зананд, баъд мо фикр кунем, ки чунин мушкилот вуҷуд доштааст.”
- “Халқ мегӯяд, ки коррупсия нашавад, оромӣ ва арзонӣ бошад. Ришва, ришва, ришва дар ҷони халқ задааст."
Навори баҳсро дар инҷо тамошо кунед ва ёдатон наравад, ки бигӯед, чаро дар Қазоқистон эътироз сар заду ба хунрезӣ печид.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барномаро дар Ютюб бинед:
Садоро дар инҷо бишнавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад