Рақибони дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, маълум шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки имрӯз, 6-уми январ, доир гардид, дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби Узбекистон, Афғонистон ва Непал рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив дохил шуданд.
Бар асоси натиҷагирии бозиҳои интихобӣ аз минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.
Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 16 дастаи зӯртарини қора иштирок хоҳанд кард.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба нахустин ҷамъомади таълимию тамринии имсола, ки даҳ рӯз идома меёбад, 2 дарвозабон ва 13 бозигари майдонӣ даъват шудаанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Гурҷистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо рӯзҳои 15-16-уми январ дар пойтахти Гурҷистон - Тифлис баргузор мешаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Хушбахт Исоев («Соро компания»);
Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Умед Қузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гулаков (ҳарсе аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов («Оқҷепес», Қазоқистон), Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Дилшод Саломов («Рахш-Такси»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.