"Эко-Тренд Плюс" партовҳои пойтахти Қирғизистонро коркард мекунад

Бишкек, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрдории Бишкек хабар дод, ки ширкати "Эко-Тренд Плюс" аз 5-уми январ корҳо барои коркарди партовҳои пойтахти Қирғизистонро оғоз мекунад.

Ба огаҳии манбаъ, шаҳрдор Ойбек Ҷунушалиев бо раҳбарони хадамотҳои шаҳрӣ ва намояндагони ширкати "Эко-Тренд Плюс", ки барои коркарди партовҳои шаҳр бо он созишнома имзо шудааст, ҷаласаи сайёреро баргузор кард.

Масъулони ширкат гуфтаанд, аз 5 январ интиқол ва насби дастгоҳҳои махсусро барои коркарди партовҳо оғоз мекунанд.

Шаҳрдории Бишкек 24 декабри соли гузашта бо ширкати "Эко-Тренд Плюс" созишномаеро дар бораи коркарди партовҳои шаҳр имзо кард. Тибқи созишнома, то 31 декабри соли равон бояд корхонаи коркарди партов дар партовгоҳи асосии пойтахти Қирғизистон бунёд шавад.