Иҷрокунандаи вазифаи мудири дафтари Радиои Озодиро дар шаҳри Алмато дастгир карда, пас аз муддате бидуни ҳеч шарҳ раҳо кардаанд. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ навишт, ки Қосим Амонжол рӯзи 4-уми январ, ҳангоми бозтоби эътирозҳо, боздошт шуд. "Бо вуҷуди пешниҳоди шаҳодатномаи рӯзноманигорӣ ӯро бо худ бурданд," – навишт бахши қазоқӣ. Сабаби боздошти журналист ҳанӯз маълум нест. Мақомот тавзеҳ намедиҳанд.