Тиҷорати билетҳо ва бозори "Панҷшанбе" дар дасти кист? 7 таҳқиқи Радиои Озодӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Билетфурӯшӣ

Радиои Озодӣ дар соли 2021 бо такя ба санадҳо ва бозёфтҳои худ силсилаи таҳқиқоти журналистиро нашр кард, ки ба баъзе аз тиҷоратҳо ва додуситадҳои пинҳонӣ дар Тоҷикистон рӯшанӣ меандозад. Баъзе аз таҳқиқот бо вокунишҳои зиёди мардум рӯбарӯ шуд, аммо мақомот дар посух ё сукут ихтиёр карданд ва ё дар баъзе маврид ба ҳақ будани худ таъкид доштанд. Нашри таҳқиқот ва кандуков дар бораи дороиҳои пинҳонӣ, пайванди хешутабории мансабдорон ва ширкатҳои баҳраманд аз имтиёзҳои давлатӣ имсол низ идома хоҳад кард. Вале то он замон ба таҳқиқоти нашршуда мурур мекунем:

Аз фурӯши билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон кӣ фоида мегирад?

Дар оғози соли гузашта ҳаққи фурӯши билетҳои парвози мунтазами "Сомон Эйр"-ро дар хатсайри Душанбе - Маскав - Душанбе танҳо ба ширкати "Агентии алоқаи ҳавоӣ" доданд. Мақомоти Оҷонси ҳавонавардӣ дар мавриди он ки чаро фурӯши билет ба ихтиёри ин ширкат гузошта шуд, дар тамосҳои телефонӣ посух надода, номаи расмӣ хостанд. Масъулони "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар сомонаи расмиашон худро "Агенти генералии "Тоҷик Эйр" муаррифӣ карда, вале дар бораи моликон иттилое надодаанд. Санадҳо аз манобеи расмӣ ва ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин ширкат ба аъзои оилаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад. Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия пас аз як соли танаффуси маҷбурии вобаста ба пандемияи коронавирус дар моҳи апрели соли 2021 аз сар гирифта шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз фурӯши билети Душанбе - Маскав кӣ фоида мегирад?

Бозори машҳури "Панҷшанбе" моли кӣ шуд?

14-уми апрел муҷтамаи "Панҷшанбе", яке аз куҳантарин бозорҳои Осиёи Марказӣ ва аз рамзҳои шаҳри Хуҷанд, пас аз 21 соли хусусӣ шудан ва ҳам як соли кооперативӣ - нимадавлатӣ будан, аз нав ва бо як шеваи махфӣ хусусӣ карда шуд. Фурӯши дубораи бозор бар хилофи қонун ва ба таври пинҳон ҷараён ёфт. Дар ҳоле ки мақомот хусусигардонии аввалаи онро дар соли 1999 ғайриқонунӣ донистанд ва гуё акнун равандро "қонунӣ" карданд. Вале ин раванд ба як амалиёти махсус шабоҳат дорад, то бозор аз дасти як шахс ба дасти шахси дигар гузарад. Чӣ гуна?

матни пурра дар инҷост: Бозори машҳури "Панҷшанбе" моли кӣ шуд? Таҳқиқи Радиои Озодӣ

Толибон назорати марз бо Тоҷикистонро ба афроди "Ансоруллоҳ" доданд. Маҳдӣ Арсалон кист?

Толибон, ҳокимони нави Афғонистон, мегӯянд, нисбат ба ҳамсояҳо ягон нақшаи бад надоранд. Аммо онҳо дар ҳассостарин нуқтаҳои марзи байни ду кишвар гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро масъули марзбонӣ гузоштаанд, ки аъзо ва тарафдоронаш дар Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм таҳти пайгард ҳастанд. Яке аз шоҳидони суқути минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, парчами Толибонро дар марз як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳдӣ Арсалон устувор кард. Ӯ кист?

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Толибон назорати марз бо Тоҷикистонро ба афроди "Ансоруллоҳ" доданд. Маҳдӣ Арсалон кист? ВИДЕО

Осмони баста. Буҳрони "Тоҷик Эйр" натиҷаи кори кӣ ва ба манфиати кист?

Ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон, “Тоҷик Эйр”, дар остонаи варшикастагии комил аст. Вазорати молияи Тоҷикистон 2-юми августи соли 2021 гуфт, ҳукумат дигар аз пайи дарёфти сармоя барои наҷоти он нест. Қаблан чанд имкони наҷоти “Тоҷик Эйр” вуҷуд дошт, вале таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки ба ҷойи истифода аз онҳо, раҳбарони ширкат, яке аз паси дигар, роҳро барои нобудии он ҳамвор кардаанд. Манбаъҳое дар дохили “Тоҷик Эйр” мегӯянд, амалкарди раисони ин ширкат тавре будааст, ки он варшикаста шавад ва осмонро барои “Сомон Эйр”, ширкати марбут ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон, холӣ кунад. Ба ин хешованди раисҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ доштани “Сомон Эйр”-ро Додгоҳи олии Лондон низ тасдиқ кардааст.

Таҳқиқотро дар инҷо хонед Осмони баста. Буҳрони "Тоҷик Эйр" натиҷаи кори кӣ ва ба манфиати кист?

Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?

Дар як минтақаи дурдаст, наздик ба Долони Вахон, начандон дур аз марзи кӯҳистони Тоҷикистон ва минтақаҳои шимолу шарқи Афғонистон, ҷоҳталабиҳои Чин дар ҳоли мутобиқ шудан бо воқеиятҳои нав аст. Тибқи мушоҳидаҳо, дар назди як посгоҳи кӯҳнаи Шӯравӣ, тақрибан 5 сол боз сарбозони чинӣ ин макони стратегиро тавассути бинову манораҳои баланд назорат мекунанд. Дидбонгоҳи назоратии амниятӣ ҳамчун як ҳузури қавии Чин дар минтақа ба хотири пеширӣ аз таҳдидҳо аз Афғонистон дониста мешавад. Ҳарчанд ҳам ҳукумати Чин ва ҳам Тоҷикистон ҳузури пойгоҳ ва кормандони чиниро расман рад мекунанд, як манбаи Радиои Озодӣ ҳангоми боздид аз минтақаҳои наздик ба пойгоҳ ва атрофи он изи пойи низомии Пекинро дар Осиёи Марказӣ мушоҳида кард. Он дар шабу рӯзи тасарруфи Афғонистон аз сӯйи "Толибон" рӯшантар шудааст.

Кандуков Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?

Баъд аз рафтани президент... Чаро корхонаҳо пас аз кушодашавии бодабдаба аз кор мемонанд?

Расонаҳои давлатӣ ва мансабдорони Тоҷикистон пайваста аз ташкили корхонаҳо ва ҳазорҳо ҷойи кории нав хабар медиҳанд. Бештари корхонаҳоро ҳангоми сафари президент ба шаҳру ноҳияҳо боз мекунанд. Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ исбот кард, ки на ҳама корхонаву иншоот фаъол ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистонро барои чунин саҳнасозиҳо дар гузашта бисёр танқид кардаанд, аммо ба гуфтаи коршиносон, муҳимтар аз ҳама дар инҷо назарфиребӣ ва омори бардурӯғ дар бораи таъсиси ҷойҳои корӣ аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Корхонаҳое, ки пас аз маросимҳои бодабдаба "зомбӣ" шудаанд

"Тиҷорат"-и ному насаб. Дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд?

Аз соли 2014 то нимаи аввали соли 2021 қариб 235 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ному насаби худро иваз карда, шиносномаи нав гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, иддае аз онҳо мансабдорон ва хидматчиёни давлатиянд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки бахши асосии номивазкардаҳоро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. Махсусан онҳое, ки аз Русия ронда шудаанд. Дар Тоҷикистон ба такрор иваз кардани ному насаб ва гирифтани шиносномаи нав маҳдудият надорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тиҷорат"-и ному насаб. Дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд? ВИДЕО

Таҳқиқоти бештарро дар ин саҳифа бинед ва бинависед, ки дар чӣ маврид бештар донистан мехоҳед.