Падари як ҷавон дар Фархор моҳе боз талош дорад, ки кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва раҳбари як ҷамоатро барои “облава” ё ба зӯр бурдани писари бемораш ба артиш ба ҷавобгарӣ бикашад.
Маҳмадулло Ашуров, падари Толибҷон Ашурови 21-сола мегӯяд, рӯзи 2-юми декабр, бо вуҷуде, ки мақомот аз хатми даъват хабар дода буданд, писарашро аз роҳи “сарбозшикор” ё “облава” ба артиш бурдаанд.
Дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ҳанӯз ба арзи ӯ посух надодаанд.
Пеш аз ин ҳодиса писари ин мардро рӯзи 12-уми октябр расман ба комиссариати ҳарбии Фархор даъват кардаанд, вале бо сабаби сӯрох будани пардаи гӯши чапаш ӯро ба артиш ҷалб накарданд.
Маҳмадулло Ашуров, падари Толибҷон мегӯяд, он замон ӯро бо хоҳиши худ мехостанд, ба артиш гусел кунанд.
Ҳоло Толибҷон Ашуров, сарбози як қисми низомӣ дар шаҳри Бохтар аст.
Сарбозе, ки баъди чанд рӯзи хизмат ба як шифохонаи ҳарбии шаҳр интиқол ёфтааст.
Падари Толибҷон Ашуров дар ин кор раиси ҷамоатро гунаҳгор медонад.
Ӯ мегӯяд, ки ба сабаби иҷро нашудани нақшаи даъват дидаву дониста писари бемори ӯро ба артиш фиристодааст.
Маҳмадулло мегӯяд, ки агар писараш сиҳат мебуд, ҳеч гоҳ шикоят намебурд.
Дар санади ташхиси тиббии табибон аз моҳи сентябр бо ранги сурх навишта шудааст, ки пардаи гӯши чапи ҷавон сӯрохи калоне дорад.
Беморӣ ва даъвати Толибҷон ба комиссариати низомиро дар ҷамоати Деҳқонобод тасдиқ карданд.
Раиси ҷамоат Музаффар Султонов, дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки дар ҳақиқат Толибҷон ба сабаби беморӣ лоиқи сарбозӣ дониста нашуд, аммо ҷалби дуюмбора, кори дасти ӯ нест.
Султонов афзуд, гунаҳкор кормандони Комиссариати ҳарбӣ ҳастанд.
Азбаски имсол нақшаи даъват ба сафи артиш дар Фархор иҷро нашудааст, дар моҳи декабр ва пас аз хатми мавсими даъват низ ҷавонони беморро ба саффи неруҳои мусаллаҳ бурдаанд.
Ҳарчанд Вазорати мудофиа мегӯяд, чунин коре накардаанд, вале шикоятҳо баёнгари чизи дигар аст.
Дар Тоҷикистон ба сабаби зуҳуроти бадрафторӣ бо сарбозон дар воҳидҳои низомӣ сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ зиёд аст.
Падари Толибҷон мегӯяд, писараш сарпечӣ накардааст, вале мехоҳад, ҳамачиз одилона бошад ва ҷавононе ба хидмат ҷалб шаванд, ки бемору заиф нестанд ва метавонанд, далерона ватани хешро ҳимоят кунанд.
Ба гуфтаи падар, сарбозе, ки мисли писари ӯ фармони афсарро шунида наметавонад, хоки ватанро муҳофизат карда наметавонанд ва онҳое ҳам, ки ҷавонони ғайриқобили хидматро ба артиш ҷалб мекунанд, худашон сазовори номи афсарӣ нестанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Шералӣ Мирзо дар бораи “облава” тафсилот надодГапи Озод: "Чӣ бояд кард, то "облава" аз байн биравад?"ВИДЕОВазорат "облава" дар фурудгоҳро рад кард. Сокинон бовар надорандМавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон тамом шуд, вале шикоятҳо аз "сарбозшикор" ҳаст. ВИДЕОВазорати дифоъ: "Нақша иҷро шуд, аммо даъват давоми сол идома мекунад"