Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) чӣ гуна пош хӯрд?

Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 25-уми декабри соли 1991 аз байн рафт. Пошхӯрии давлати як замон абарқудрат тадриҷӣ (оҳиста-оҳиста) сурат гирифт, аммо тавре бисёриҳо мегӯянд, ногузир буд. Дар зер аз ҳодисаҳои муҳиме ёд меорем, ки боиси аз байн рафтани Шӯравӣ ва ба миён омадани 15 давлати нав дар харитаи ҷаҳон шуданд.

Ҳамааш аз чӣ оғоз шуд?

Иттиҳоди Шӯравӣ давлати бузургтарин дар дунё буд ва қаламрави он беш аз 22 миллион километри мураббаъро ташкил медод. Ба ҳайати он 15 ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ шомил буданд. Забони расмии Иттиҳоди Шӯравӣ русӣ буд, аммо дар ҳудуди он бо беш аз 200 забону лаҳҷа гуфтугӯ ва зиёда аз 290 миллион нафар аз қавму миллатҳои гуногун зиндагӣ мекарданд.

Ба бовари иддае, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ замоне оғоз шуд, ки раҳбари охиринаш, Михаил Горбачёв, ба қудрат расид ва бо мақсади демократисозии ҷомеа ва беҳтар кардани иқтисод ислоҳотеро ба роҳ монд.

Михаил Горбачёв. Акс аз соли 2018

МИХАИЛ ГОРБАЧЁВ
Соли 1985 котиби якуми Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (амалан раҳбари давлат) интихоб шуд. Бо пеш гирифтани бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ мехост, Иттиҳоди Шӯравиро демократӣ кунад. "Демократияи Шӯравӣ заминаи устувори меъёрӣ касб хоҳад кард. Сухан аз меъёрҳое ба монанди қонуни озодии виҷдон, ошкорбаёнӣ, созмону ташкилоти иҷтимоӣ ва дигарҳо меравад," – гуфта буд ӯ моҳи декабри соли 1988. Барои нақшаш дар хатми ҷанги сард бо ҷоизаи сулҳи Нобел сарфароз шудааст. Дар ҷараёни ошӯби моҳи августи соли 1991 дар қароргоҳи худ дар Қрим ҳабс шуд. Моҳи декабри соли 1991 аз мақоми президентии Иттиҳоди Шӯравӣ истеъфо дод. Дар интихоботи президентии соли 1996 иштирок кард, вале 1 дарсад овоз гирифт. 90-сола.

Хроникаи ҳодисаҳо

Ин танҳо як қисми ҳодисаҳо аст, ки тадриҷан боиси пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд. Михаил Горбачёв соли 1985 раҳбари кишвар интихоб шуд ва ислоҳотро эълон кард. Ба ҷуз ин, вай сиёсати кам кардани ташаннуҷ дар муносибатҳои байнулмилалиро оғоз намуд. Демократисозӣ дар ниҳоят боиси ба ҳам задани мавқеи Ҳизби коммунистӣ шуд.

Кандани муҷассамаи Ленин. Украина, 14-уми сентябри соли 1990

1985

Михаил Горбачёв 11-уми марти соли 1985, баъди даргузашти раиси Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ Константин Черченко котиби якуми ҳизб интихоб гашт. Вай ҷавонтарин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ баъди Сталин шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ ба ном яке аз бузургтарин иқтисодҳои дунё ба шумор мерафт. Вале бо бадшавии сатҳи зиндагӣ, норасоии маҳсулот ва таназзули умумии иқтисод рӯбарӯ шуд. Бинобар ин, Горбачёв ба ислоҳот рӯй овард.

1986

25-уми феврали соли 1986 сиёсати ошкорбаёнӣ эълом шуд. Ҳадафи он демократисозии низоми сиёсӣ, шаффофияти низоми мудирият ва озодии фардии шаҳрвандон буд. Горбачёв ба мубоҳисаҳои умумӣ оид ба масъалаҳо, ки пештар мамнуъ буд, оғоз бахшид: ҷанбаҳои ҷудогонаи таърихи Шӯравӣ ё мушкилоти муосир.

Фоҷеаи Чернобил

26-уми апрели соли 1986 дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар шаҳри Припяти Украина таркиш рух дод. Ин садамаи бузургтарини ҳастаӣ дар таърихи инсоният аст. Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз сиёсати ошкорбаёнӣ ҷузъиёти фоҷеаро пинҳон мекард.

Баргашти Андрей Сахаров

Горбачёв рӯзи 10-уми декабри соли 1986 ба дигарандеши маъруфи Шӯравӣ занг зада, хоҳиш мекунад, ки ба Маскав баргардад. Сахаров 23-юми декабр баргашт.

Андрей Сахаров

АНДРЕЙ САХАРОВ
Физик ва ҳастаишиноси Шӯравӣ. Барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон таъқиб шудааст. Соли 1975 барои муборизаҳояш барои ҳуқуқи инсон дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҷоизаи сулҳи Нобел сафароз гардонида шудааст. Аз соли 1980 то соли 1986 дар Горком (Нижний Новгороди ҳозира) буд. Михаил Горбачёв соли 1986 иҷозат дод, ки ӯ ба Маскав баргардад. “Ман ҳеч гоҳ аз мубориза барои озодии инсон даст намекашам. Сулҳ дар рӯи замин бар асоси озодии ҳама ва ҳар як нафар ба миён меояд,” – таъкид дошт ӯ моҳи декабри соли 1986. Соли 1989 вакили Анҷумани намояндагони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1989 даргузашт.

1987

Горбачёв 27-уми январ бо мақсади тавонбахшии иқтисод, дурӣ аз нақшакашии марказӣ ва рушди соҳибкории хусусӣ аз оғози бозсозӣ хабар дод.

Борис Елтсин, котиби аввали кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунистӣ дар Маскав раванди сусти ислоҳотро танқид кард. Дере нагузашта ӯ аз мақом барканор шуд.

Борис Елтсин. Акс аз соли 1991

БОРИС ЕЛТСИН
Соли 1990 аз сафи Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ронда шуд. Дар аввал ислоҳоти Горбачёвро дастгирӣ мекард, вале дертар ӯро барои таъхиркорӣ танқид кард. Муқобилиятҳои шаҳрвандиро дар ҷараёни ошӯби коммунистии моҳи августи соли 1990 раҳбарӣ мекард. “Аз шаҳрвандони Русия даъват мекунем, ки ба амали табаддулотгарон баҳои воқеӣ дода, кишварро ба рушди муътадили конститутсионӣ баргардонанд,” – гуфта буд ӯ моҳи августи соли 1991. Президенти нахустини Русия (1991-1999) буд. Соли 2007 даргузашт

Михаил Горбачёв ва Роналд Рейган, президенти вақти Амрико, 8-уми декабри соли 1987 созишномаи маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвозро имзо мекунанд. Ҳарду абарқудрат дар давоми чаҳор даҳсолаи ҷанги сард барои бартарии низомӣ мубориза мебурданд.

1988-1989

Ислоҳоти горбачёвӣ бо мушкилот рӯбарӯ шуд. Кишвар ба монанди пешин мушкилиҳои иқтисодӣ дошт. Ба ҷуз ин, дар баъзе аз ҷумҳуриҳо ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ оғоз шуданд.

  • Эътирози арманиҳо барои пайвастани Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайати ҶСШ Арманистон. Моҳи марти соли 1988
  • Тоторҳои Қрим, ки аз сӯи мақомоти Шӯравӣ дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум бадарға шуда буданд, ҳаққи баргашт ба ватанро талаб мекунанд. Моҳи феврали соли 1988
  • Сокинони ҶШС Молдова забони расмӣ эътироф шудани забони молдовӣ ва гузаштан ба хатти лотиниро талаб доранд. Моҳи июни 1989
  • Сокинони Эстония, Латвия ва Литва дар занҷираи зиндаи 600-километрӣ бахшида ба 50-солагии аҳдномаи Молотов-Риббентроп*. Моҳи августи соли 1989

*Пакт Молотов – Риббентроп созишномае мебошад, ки соли 1939 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони фашистӣ имзо шудааст. Аврупо дар санади махфие ба минтақаҳои таъсиррасонӣ ҷудо карда шуда буд, ки дар натиҷаи ба Иттиҳоди Шӯравӣ имкон дод, кишварҳои Балтика ва Лаҳистону Руминияро қисман ғасб кунад.

Тбилис. Соли 1991

Горбачёв мехост, қудрати Ҳизби коммунистиро коҳиш диҳад ва бинобар ин, моҳи июли соли 1988 таъсиси Анҷумани вакилони мардумии Иттиҳоди Шӯравиро пешниҳод кард. Соли 1989 интихобот баргузор шуд. Ба сафи вакилони анҷуман ҷонибдорони демократия, аз ҷумла Андрей Сахаров (аз чап) ва Борис Елтсин (дар поён) роҳ меёбанд.

Тағйирот дар сиёсати хориҷӣ

Горбачёв моҳи декабри соли 1988 эълом кард, ки қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои созишномаи Варшава коҳиш дода шавад.

Соли 1989 дар Лаҳистон, Маҷористон, Чехословакия, Булғористон ва Руминия инқилобҳои демократӣ баргузор шуданд.

Иттиҳоди Шӯравӣ баъд аз 10 соли ҷанг дар Афғонистон эълом кард, ки нерӯҳояшро берун мебарад.

Ҷанги сарде, ки беш аз 40 сол миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳида идома кард, ба поён расид.

Берун баромадани нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон дар моҳи феврали соли 1989 ба охир расид.

Михаил Горбачёв ва президенти Амрико Ҷорҷ Буши калонӣ моҳи декабри соли 1989 қатъи ҷанги сардро эълом карданд.

Ҷорҷ Буш ва Михаил Горбачёв

1990

Сустшавии нақши Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ

7-уми феврали соли 1990 банди 6-уми Конститутсияи Шӯравӣ, ки барои Ҳизби коммунист “нақши раҳбарӣ”-ро дар низоми сиёсӣ медод, бекор карда шуд.

Соли 1990 дар ҳамаи кишварҳои Шӯравӣ интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Дар шаш кишвар Ҳизби коммунист интихоботро бохт. Ҷумҳуриҳо пайи ҳам истиқлоли худро эълом карданд.

Анҷумани вакилони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи марти соли 1990 Горбачёвро президент интихоб кард. Ин мақоми нав буд. Пештар раҳбари кишвар расман раиси Шӯрои олӣ буд.

Авҷи эътирозҳо

Дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ афзоиши ҳаракатҳои эътирозӣ мушоҳида шуд. Инҷо чанд намунаеро хоҳем овард:

  • Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон. Феврали 1990
  • Низои хунини қавмӣ дар Уши Қирғизистон. Июни 1990
  • Тақвият ёфтани ҳаракати истиқлолхоҳӣ дар Украина. Сентябри 1990.

Муҷассамаи сар аз тан ҷудои Ленин. Душанбе

Ҳаракатҳо барои истиқлол

Аз 15 ҷумҳурии Шӯравӣ ду кишвар истиқлоли худро эълом карданд. Ҷумҳуриҳои дигар дар соли баъдӣ аз онҳо пайравӣ намуданд.

Литва нахустин шуда 11-уми марти соли 1990 истиқлоли худро эълом кард. Латвия 4-уми май худро кишвари мустақил номид.

1991

17-уми марти соли 1991 раъйпурсӣ дар бораи сохтори ояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор шуд. Пешниҳод шуд, ки он ба федератсияи кишварҳои мустақили дорои мухторияти васеъ табдил дода шавад. Аксарият ҷонибдорӣ карданд, вале 6 ҷумҳурӣ (Арманистон, Гурҷистон, Литва, Молдова, Латвия ва Эстония) аз иштирок дар раъйпурсӣ худдорӣ карданд.

Горбачёв ҳангоми ройдиҳӣ

Қарор шуд, ки 20-уми августи соли 1991 созишномаи нави иттиҳод имзо карда шавад. Вале як гуруҳ аз иртиҷоъпарастон кӯшиш карданд, Иттиҳоди Шӯравиро бо зӯр ҳифз кунанд ва Горбачёвро 18-уми августи соли 1991 дар қароргоҳаш дар Қрим ҳабс карданд.

8 мансабдори баландпояи Шӯравӣ бурунрафт аз буҳрони амиқи ҳамаҷониба ва интиқоли қудратро ба муовини президент Геннадий Янаев талаб карданд. Вале Горбачёв рад мекард.

Геннадий Янаев

ГЕННАДИЙ ЯНАЕВ
Сиёсатмадори Шӯравӣ. Муовини президенти Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1990-1991. Ҳангоми кӯшиши ғасби қудрат дар моҳи августи соли 1991 раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъйин шуд. Баъди ба ҳам задани ошӯб ҳабс, вале дертар афв гардид. “Ман аз сидқи дил коммунист ҳастам ва ба зидди харобкорию айёшии сиёсӣ бо меъёрҳои демократӣ мубориза мебарам, на бо таъқибкорӣ,” – гуфт ӯ моҳи декабри соли 1990. Соли 2010 даргузашт.

Рӯзи баъдӣ дар кӯчаҳои Маскав тонкҳо дида шуданд. Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулода ба раҳбарии Янаев идораи давлатро ба даст гирифт. Вале кӯшиши табаддулот дар пасманзари эътирозҳои оммавии Маскав ва шаҳрҳои дигар аллакай 21-уми августи соли 1991 ба ҳам зад.

Борис Елтсин дар назди Қасри Сафед (Маскав) дар болои тонк амали Ҳизби коммунистро ошӯб номид. Горбачёв рӯзи баъдӣ ба Маскав баргашт, вале нуфузи сиёсии ӯ аллакай халалдор шуда буд. Бино ба раъйи аксарият, Елтсин раҳбари нерӯҳои демократихоҳ шуд.

Кишварҳои Шӯравӣ дар давоми як сол худро давлати мустақил эълом карданд. Баъзеҳо баъди ошӯб зуд истиқлоли худро эълом карданд. Михаил Горбачёв аз мақоми президентии Иттиҳоди Шӯравӣ истеъфо дод ва зимоми қудратро ба дасти Елтсин гузошт.

Муаллифи матлаб: Кристина Фолтинова

Муҳаррир: Койлин О’Коннор, Дэн Висниевски

Манбаъ: Бахши русии Радиои Озодӣ, Center for European Studies, Foreign Policy, Office of the Historian, Би-би-сӣ ва матолиби расонаҳои дигар