То Соли Нав ё ивазшавии тақвим, ки дар Тоҷикистон ҷонибдорону мухолифони худро дорад, як рӯз мондааст. Савдогарон мегӯянд, баръакси солҳои гузашта, дар остонаи ин ҷашн харидорони маҳсулоташон зиёд нест. Соҳибони бозорҳо ҳузури камранги мардумро ба ташкили ярмарка ва фаровонии маҳсулот рабт медиҳанд, аммо иқтисоддонҳо ба кам шудани даромад ва тавони харидории мардум.
"Маҳсулот ҳаст, харидор нест"
Суҳроб Назаров дар Душанбе ба тиҷорати орду равған машғул аст. Ӯ рӯзи 30-юми декабр гуфт, ки маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон пешниҳод карданд, вале намедонад, ки чаро сафи муштариён кам аст. "Баъзе аз сокинон ба Русия рафтаанд, шояд аз ҳамин сабаб харидорон кам шуданд. Ё бисёриҳо ба бозор намеоянд, аз дӯконҳои назди хонаашон мехаранд," – тахмин зад ӯ.
Бо наздик шудани ҷашни Соли Нав ва бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши нархҳо дар назди баъзе аз бозорҳои пойтахт маъракаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалро ташкил кардаанд. Нусратулло Раҳматшоев, мудири шуъбаи савдо ва захираи бозори "Саховат"-и Душанбе, 30-юми декабр иддао кард, ки нархи маҳсулот дар ярмарка нисбат ба ҷойҳои дигар то 25 дарсад арзон аст.
Ӯ гуфт: "Дар бозор нархҳо “ором” аст, боло нарафтанд. Аз 20-уми декабр ярмарка ташкил кардем. Харидор кам аст, маҳсулот зиёд аст. Ба мисли солҳои пеш нест."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Гӯшту равғану орд гарон шуд"
Рӯзи 30-юми декабр дар ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозори "Саховат" як кило гӯшт 55 сомонӣ, як литр равған 21, шакар 8 сомониву 30 дирам, биринҷ 8 сомониву 50 дирам, орд 255 сомонӣ нарх дошт.
Сокинон мегӯянд, арзонии нархҳоро эҳсос накардаанд ва болоравии арзиши маҳсулот на танҳо дар остонаи ҷашни Соли Нав, балки ҳамарӯза онҳоро нигарон мекунад. Сафаргул Бозорова, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, тавони харидории на ҳама маҳсулотро доранд: "Ҳоло дар бозор барои соли нав харид кардем. Каме арзонтар кунанд, беҳтар аст. Хусусан нархи равғану шакарро. Ним кило гӯшт гирифтам, тоҷирон каме арзон мекарданд, хуб мешуд.”
Дар пайи шикоятҳо аз гаронии нархҳо, тоҷирон таъкид мекунанд, ки чунин раванд аз онҳо вобастагии зиёд надорад ва гоҳе беқурбшавии сомониро дар баробари доллар мисол меоранд.
Оҷонси омори Тоҷикистон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишварро дар 11 моҳи имсол 7,5 дарсад нишон додааст. Дар гузориш гуфта мешавад, дар ин муддат нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 6,6 дарсад афзуд. Аз ҷумла, маҳсулоти нонӣ 4 дарсад, гӯштӣ беш аз 16 фоиз, сабзавот зиёда 14 ва равған 21,4 дарсад гарон шудааст. Имсол арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 240 сомонӣ то 300 сомонӣ ва дар баъзе минтақаҳо ба бештар аз он расид.
Ҷайби мардум холӣ шудааст?
Ҳарчанд намояндагони бозорҳо аз афзоиши маҳсулоту арзонии нархҳо суҳбат мекунанд, иқтисоддон Фозилҷон Фатуллоев бар ин бовар аст, ки дар як соли охир даромади аҳолӣ ва тавони харидорияшон кам шудааст. Ӯ 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз оғози имсол то ҳол дар кишвар болоравии босуръати нархҳо сурат гирифтааст.
"Даромаднокии аксар сокинон суст ва дар баробари ин нархҳо боло рафта, маош ба харҷи зиндагӣ мутобиқат намекунад. Агар, фарз кардем, маош 10 фоиз боло равад, нархи маҳсулот аз ин бештар гарон мешавад. Дар таҷриба мебинем, ки имкони харидории сокинон бениҳоят кам шудааст," -- шарҳ дод Фатуллоев.
Дар шароити пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон нигаронии сокинон аз болоравии нархи маҳсулот бештар садо додааст. Баъзе аз сокинон гуфтанд, пандемияи коронавирус даромадашонро кам ва мушкили онҳоро барои харидани маҳсулот бештар кардааст.
Иддае дигар таъкид карданд, ки бо вуҷуди гаронии нархҳо ва вуҷуди мушкилиҳои дигар дар давраи пандемия, талош мекунанд, бо оростани дастурхони хоксорона соли навро ҷашн бигиранд.