Боздошти Чоршанбе Чоршанбиев. Ӯро ба барангехтани "адовати миллӣ" гумонбар донистанд

Чоршанбе Чоршанбиев

Додситонии ноҳияи Шоҳмансур хабар дод, ки Чоршанбе Чоршанбиев, размкори маъруфи муҳорибаҳои бидуни қоида баъди ронда шудан аз Маскав, дар шаҳри Душанбе дастгир шудааст. Варзишгари 26-соларо шаби 29 ба 30-юми декабр бо қарори додгоҳ аз Русия ихроҷ карданд.

Дар хабарномаи додситонӣ, ки бегоҳи 30-юми декабр нашр шуд, Чоршанбиевро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ муттаҳам кардаанд. Мавқеи Чоршанбиев ба иттиҳом маълум нест. Наздиконаш пештар гуфтанд, ки дар бораи тақдири ӯ хабар надоранд.

Дар гузашта ҳарфҳои зидду нақизи Чоршанбе Чоршанбиев дар бораи тоҷикону тоҷикистониён дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехтааст. Ӯ баъдан барои ин амалҳои ҷанҷолбарангезаш узр хоста буд.

Мақомот гуфтанд, нисбат ба варзишгар бо моддаи 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсиоӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.

Додситонӣ гуфтааст, Чоршанбиев бо вакили мудофеъ таъмин аст ва дар бораи дастгир шудани ӯ ба хешовандонаш хабар додаанд. Пайвандони варзишгар рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи макони будубоши Чоршанбиев ҳеч хабар надоранд.

Дар хабарномаи додситонӣ омадааст, соли 2014 алайҳи Чоршанбиев бо гумони "дуздии моликияти як сокини шаҳри Хоруғ” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, нисбат ба ӯ қонуни афв татбиқ шудааст. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Пештар мақомот ва худи ӯ дар ин бора суҳбат накарда буданд.

Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Чоршанбе Чоршанбиев дар Фурудгоҳи Душанбе аз тарафи шахсони низомипӯш ба самти номаълум "бурда шудааст". Сомонаи PamirDailyNews, ки хабарҳои вобаста ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 30-юми декабр навишт, ки Чоршанбиев дар бинои Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ аст. Манбаъ аз қавли наздикони блогер навишт, мақомот бо Чоршанбиев "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд ва баъдан раҳо хоҳанд кард.

Чоршанбе Чоршанбиев бо қарори додгоҳ аз Русия ронда шуд. Ӯро рӯзи 3-юми декабри имсол бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир карданд ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.

Худи Чоршанбиев дар бозпурсиҳо ҳаракат бо суръати баландро эътироф кард, аммо гуфт, ки навори видеоии саҳнаи ронандагиашро шояд бародаронаш дар Интернет гузоштаанд. Ӯ ба тафтишот гуфтааст, навор нав нест ва тобистон сабт шудааст.

Чоршанбиев зодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикисттон аст ва аз соли 2016 бо муҳорибаҳои бидуни қоида машғул буда, чор бор ғалаба ба даст овардааст.