Дар Узбекистон барои кӯдакони аз 12 то 18-сола, то рӯзи 27-уми декабр, бештар аз 600 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer истифода шудааст.
Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар, бештар аз 432 ҳазор кӯдак як воя ва зиёда аз 174 ҳазор кӯдак ду воя ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.
Ба иттилои ниҳоди мазкур, аз оғози ваксиназании сартосарӣ дар моҳи апрел дар Узбекистон то ин замон 38 миллиону 680 ҳазор вояи ваксинаи зидди коронарвирус истифода шудааст.
Дар он кишвар, ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ 1484 кас аз коронавирус фавтидааст.