Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA зинаи 116-умро касб кардааст    

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги FIFA  дар ҷойи 116-ум қарор гирифтааст. 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 23-юми декабр дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, дар байни 210 кишвар бо 1152.56 имтиёз дар ҷойи 116-ум қарор гирифтааст.

Дар ин феҳрист мисли пешин Белгия бо 1828.45 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Бразилия бо 1826.35 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудааст. Фаронса, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1786.15 имтиёз дар зинаи севум мебошад.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (25-ум, 1535.08 имтиёз), Русия (34-ум, 1493.42 имтиёз) ва Узбекистон (84-ум, 1274.58 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (119-ум), Озарбойҷон (120-ум), Туркманистон (133-ум), Латвия (134-ум), Литва (136-ум) ва Молдова (181-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (84-ум) ва Қирғизистон (96-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.