Беҳтарин аксҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ дар соли 2021

5 январ. Кӯдакон савори автобус ба таҷлили  ҷашни "Валенки"  мераванд. Тотористон 

6 январ, Белград. Таҷлили Милоди Масеҳ 

14 январ, Украина. Таҷлили иди Маланка 

18 январ, Қазоқистон. Марде дар оби яхзада оббозӣ мекунад  

31 январ, шаҳри Қазони Тотористон. Марде барои ширкат дар намоиши эътирозӣ ба тарафдории Алексей Навалний боздошт шуд  

1 феврал, София, Булғористон. Маросими ёдбуди қурбониёни режими коммунистӣ 

9 феврал, Минск. Журналистони беларусӣ Катерина Андреева (аз рост) ва Даря Чултсова дар додгоҳ. Онҳоро барои "ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ" ба ду соли зиндон маҳкум карданд. Маҳкумияти ин журналистон ва дигар фаъолони ҷамъиятӣ бахше аз маъракаи ҳукуматӣ барои саркӯби норозиёни режим мебошад 

18 феврал, Киев. Марде дар назди аксҳои 104 қурбонии саркӯби намоишҳои зиддиҳукуматии соли 2014 шамъ меафрӯзад 

28 феврал, Алмаато. Баҳси як эътирозгар бо полиси Қазоқистон 

5 март. Муҷассамаи "Модари Арманистон" 

8 март, Киев. Раҳпаймоии баробарии ҷинсиятӣ дар Украина 

11 март, ҷашнвораи фристайл дар Алмаато 
 

Салибҳои чӯбӣ дар макони куштори 42 зиндоние, ки соли 1953 дар ошӯби маҳбаси кории Воркутаи Русия ширкат карданд 

6 апрел,  Лвов, Украина. Духтур бемори гирифтори COVID-19-ро муоина мекунад 

17 апрел, минтақаи Донетски Украина. Сарбоз ва саги ҷангӣ 

Вилояти Ботканди Қирғизистон, 4 май. Марде дар назди хонае, ки дар натиҷаи муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон валангор шудааст, қарор дорад 

16 май, Қрим, Украина. Зане дар баландии кӯҳи Чатир-Тау. Ҷавонҳои тотор ҳар сол барои поси хотири қурбониёни ихроҷи тоторҳо аз Қрим ба ин баландӣ мебароянд 

24 май, Бишкек. Озмоиши  COVID-19  

Деҳаи Дубоки Беларус, 4 июл. Гурӯҳи католикҳо дар назди ибодатгоҳи ҷангалие, ки дар як сол як бор боз мешавад, навбат мепоянд 

6 июл, Тифлис, Гурҷистон. Таҷаммӯи ҳомиёни ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсӣ дар назди парлумон 

12 июл, Киев. Эътирозгарон дар маъракае бо номи "Гулҳои Украина" аз тахриб шудани биное, ки дар солҳои охири шӯравӣ бо шеваи модернистӣ бунёд шудааст,  иштирок мекунанд  

20 июл, Алмаато, Қазоқистон. Фурӯши чорпои қурбонӣ дар арафаи Иди Қурбон 

24 август, Киев. Рӯзи истиқлолият 

27 август, деҳаи Чеботарёво дар ғарби Қазоқистон. Наврасон талош мекунанд, ки ба хати интернет пайваст шаванд  

31 август, Қирғизистон. Раҳпаймоии низомӣ дар рӯзи ҷашни истиқлолият  

5 сентябр, фурудгоҳи Киев. Пешвози варзишгарони паралимпӣ 

8 сентябр, Украина. Таҷлили ҷашни соли нави яҳудӣ. Яҳудиҳои ҳасидӣ ҷашни бо номи "Рош ҳашана"-ро дар деҳаи Умани Украина таҷлил мекунанд. Ҳар сол ба ин ҷо ҳудудан 30 ҳазор зоирон аз 10 кишвари ҷаҳон ҷамъ меоянд 

15 сентябр, Бишкек. Хонандагони мактаб

29 сентябр, Киев, Украина. Омодагиҳо ба 80-солагии куштори ҷамъии яҳудиҳо дар Бабий Яр 

11 ноябр, Ҳирот, Афғонистон. Бонувони маҳаллӣ бо ҷамъоварии заъфарон машғуланд 

15 ноябр, Тифлис. Тарафдорони собиқ президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, ки дар боздошт аст, бо талаби озод кардани ӯ раҳпаймоӣ мекунанд 

17 ноябр, гузаргоҳи марзии Покистону Афғонистон. Сокинони Афғонистон баъди омодани "Толибон" тарки кишвар мекунанд   

18 ноябр, парки Байгора дар Косово. Дар ин ҷо энергияи бодӣ тавлид мешавад 

 

19 ноябр, Бишкек. Осорхонаи таърихи миллӣ аз нав боз шуд  

23 ноябр, Сараево. Ҳазорҳо конканҳо бо талаби боло бурдани маошашон  дар назди ҳукумати Боснияву Ҳерсоговина эътироз мекунанд 

7 декабр, Украина. Як сарбози украинӣ дар рӯбарӯи минтақаи ҷудоиталаби Луҳанск истодааст. Баъди мустақар шудани 100 ҳазор низомии рус дар марз бо Украина, мизони таниш то рафт боло меравад  

13 декабр, Сараево. Як рӯзи барфӣ дар Босния