Тоҷикистон Қирғизистонро ба "иғвоангезӣ" муттаҳам намуд. Қирғизистон вокуниш накардааст. ВИДЕО

Деҳаи Сомониёни Тоҷикистонро бо деҳаи Куктоши Қирғизистон як кӯча ҷудо мекунад. Ин ду деҳа марзи ду кишвар ба ҳисоб мераванд

Ҷониби Тоҷикистон марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистони ҳамсояро дар “амалҳои иғвоангезона” муттаҳам кардааст. Ҳанӯз вокуниши ҷониби Қирғизистон ба ин изҳорот маълум нест.

Дар як изҳороти дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки 24-уми декабр дар вебсайти сомонаи расмии “Ховар” нашр шуд, гуфта мешавад, ки “вақтҳои охир ҳодисаҳои амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон бештар ба мушоҳида расида, боиси бад шудани вазъ дар сарҳад мегарданд”. Дар ин изҳорот аз се ҳодисае ёдоварӣ шудааст, ки рӯзи гузашта 22-юми декабр дар ду нақтаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст. Ҷониби Қирғизистон то ҳол танҳо аз рӯи як ҳодисаи тирпаронӣ дар марз изҳороте дода онро садои “хлопушка” номидааст.

Дар хабари расмии Тоҷикистон аз як ҳодисаи талоши убури марз кардани чор марзбони Қирғизистон хабар дода шудааст. Аз ҷумла, дар тафсилоти ин хабар омадаст, ки нирӯҳои сарҳадии КДАМ рӯзи 22-юми декабр дар мавзеи деҳаи Чашмаи ноҳияи Лахши Тоҷикистон мошини тамғаи «Опел»-ро нигоҳ доштанд, ки рақами давлатии Қирғизистонро дошт. Ба навиштаи мақомоти тоҷик, дар дохили мошин чор “марзбони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштаанд. Зимни суҳбат ва тавзеҳ дар бораи убури ғайриқонунии марз ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон марзбонони қирғиз гуфтанд, ки ин амалҳоро тибқи дастури сардорони худ анҷом додаанд”.

Санҷидани дурустии ин хабар имкон надорад ва ҷониби Қирғизистон ҳам дар ин замина то ҳол чизе нагуфтааст, вале ба навиштаи мақомоти тоҷик, бар асоси “талаботи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда” марзбонони қирғиз ба қаламрави Қирғизистон баргардонида шуданд.

Ҳодисаи дуюме, ки дар изҳороти КДАМ ёд шудааст, дар қисмати дигари марзи ду кишвар рух додааст. Ба навиштаи мақомоти тоҷик, дар шаҳраки Хистеварзи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳодисаи убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби мошини тамғаи КАМАЗ бо рақами давлатии Қирғизистон сабт шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯнд, ки ин мошини сӯзишворӣ ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад. Мақомот гуфтанд, ронандаву мошинаш баъди талоши беэътиноӣ ба талаби марзбонони тоҷик барои манъ кардани мошин ва талоши “пахш” кардани марзбони тоҷик "бо суръати баланд" боздошт шуд.

Дар ҳоле, ки мақомоти қирғиз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, муаллифи наворе, ки рӯзи 23 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, иддао кардааст, ки дар марз оташкушоӣ ба самти ронандаи мошини боркаш шаҳрванди Қирғизистон сурат гирифтааст. Ба иддаои муаллифи навор, ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Бодканд, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст ва ронанда ҳангоми оташкушоӣ дар роҳи Арка-Мақсад ҳаракат мекард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Камераҳои назоратӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро кӣ шикаст?

Ҳодисаи сеюм шаби 22 декабр рух додааст. КДАМ-и Тоҷикистон менависад, ки тахминан соати 23:00 шаҳрвандони Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба манзили як шаҳрванди Тоҷикистон тирандозӣ карданд. «Тир аз нуқтаи аҳолинишини Майскийи Кирғизистон паронда шудааст. Дар натиҷа тирезаҳои хонаи як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб дидаанд», навиштааст КДАМ.

Дар заминаи ин ҳодиса ҷониби Қирғизистон рӯзи 23 декабр изҳороте дод. Аз ҷумла, Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки садоро шунидааст, вале он ба садои “хлопушка” монанд буд ва дар ҷойи ҳодиса ҳеҷ нишоне аз тир дида нашуд.

Мақомоти Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Суғд рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷонибҳо паси мизи музокира нишастаанд ва натиҷаҳои он дар расонаҳои давлатӣ нашр хоҳад шуд. Ҳанӯз ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо маълум нест.

Вале рӯзи 24 декабр мақомоти тоҷик дар ноҳияи Исфара аз ҳодисаи дигаре дар марз хабар доданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, чанд сокини деҳоти қирғизистонӣ камераҳои назоратии деҳоти ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро хароб кардаанд. Мақомоти қирғиз ваё матбуоти ин кишвар ҳанӯз дар ин замина ҳеҷ шарҳе нашр накардааст.

Вале ба иттилои Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи мақомоти шаҳри Исфара, ҳодиса рӯзи панҷшанбе рух дод. Шомадов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ субҳи 24-уми декабр гуфт: "Нисфирӯзии 23-юми декабр чанде аз сокинони қирғизтабори деҳаи Куктоши вилояти Ботканди Қирғизистон 2 адад камераҳои назоратии мутааллиқ ба раёсати марзбонии деҳаи Сомониёнро тахриб кардаанд. Як адад камераро шикаста ва пояи камераи дуюм бо арғамчин кӯшиши афтондан кардаанд. Дар натиҷа ин ду камераи назоратӣ корношоям гардидааст".

Ҷониби Қирғизистон дар ин бора то ҳол ҳеҷ вокуниш накардааст ва маълум нест, ки тахриби камераҳои назоратӣ ба чӣ хотир сурат гирифтааст.

Шомадов мегӯяд, дар камераҳои назоратии ҳамшафати дурбинҳои харобшуда “баръало дида мешавад, ки ин амалро кӣ содир кардааст” ва ҳоло таҳқиқоти он аз ҷониби низомиёни тоҷик шурӯъ шудааст. Шомадов гуфт, ки ин дурбинҳои назоратӣ пас аз муноқишаи марзии моҳи апрели имсол аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик барои назорати марз насб шудаанд. Танҳо дар кӯчаи марзии деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ 13 адад чунин камераҳои назоратӣ мавҷуд аст. Аз ҷониби дигари кӯча, ки хоки Қирғизистон ва деҳаи Куктоши Бодканд мебошад, камераҳои назоратии раёсати марзбонии Қирғизистон гузошта шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тирпарронӣ дар деҳаҳои марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон таҳқиқ мешавад

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли ҷорӣ рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тир ё "хлопушка"? Ҳодиса дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳқиқ мешавад. ВИДЕОҚирғизистон гуфт, дар марз бо Тоҷикистон тирпаронӣ шудаастГузоришҳо аз тирпаронӣ дар ду минтақаи марзи миёни Тоҷикистону ҚирғизистонМарзбонони тоҷик сабаби тирандозӣ дар марзро шарҳ доданд. ВИДЕОПешниҳод шудааст, ки шумораи ҳарбиёнро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кам кунанд