Диссидент буд, президент шуд. 10 сол пеш Васлав Ҳавел даргузашт
Ҳавели 38-сола дар деҳаи Ҳрадечеки Чехияи Шимолӣ
Ҳавел ва ҳамсари аввалаш Олга дар деҳаи Ҳрадечек, соли 1974. Олга соли 1996 даргузашт. Ӯ ҳам як иштирокчии фаъоли ҳаракати диссидентии "Хартия-77" буд
Олга, Васлав Ҳавел ва дӯстонашон Ян ва Карла Тржиска, тобистони соли 1975.
Ҳрадечек, соли 1975. Яке аз шабҳои бехобӣ
Дӯстони ҳунарпешаҳо барои қироати пйесаи "Ид дар боғ" ҷамъ шудаанд.
Дача, соли 1975
Намоиши пйесаи Ҳавел "Мулоқот" (соли 1976) дар доираи дӯстону наздикон. Ҳавел ҳам яке аз нақшҳоро иҷро мекунад
25 феврали соли 1990. Ҳавел дар қасри президентӣ. Марҳилаи якуми раёсатҷумҳурии ӯ
Васлав Ҳавел баъди бозгашт аз Вашингтон рӯзи 25 феврали соли 1990 ба назди ҳамватанон дар қасри президент баромада муроҷиат мекунад
Ҳавел як ошиқи мусиқии рок буд. 18 августи соли 1990 ӯ бо аъзои гурӯҳи дӯстдоштаи мусиқиаш "Роллинг Стоунс" дар Ҷумҳурии Чех мулоқот кард. Ин аввали сафари ҳунарии гурӯҳи маъруфи роксаро ба Чехословакияи баъди коммунистӣ буд
Нахуствазири Бритониё Маргарет Тэтчер ва президенти Чехословакия Васлав Ҳавел дар майдони Васлави шаҳри Прага. 18 сентябри соли 1990.
Сафар ба Португалия. Соҳили Кабу-да-Рока – ғарбтарин нуқтаи қораи Аврупо. Васлав Ҳавел в обҳои уқёнуси Атлантик. 14 декабри соли 1990.
Васлав Ҳавел, ҳамсараш Олга ва президенти Полша Леҳ Валенса дар қасри Пражский Ҳрад дуо мекунанд. 16 сентябри соли 1991.
Васлав Ҳавел ҳангоми аксгирии расмӣ. Соли 1992.
Як сол баъди даргузашти ҳамсараш Олга Васлав дар соли 1996 Ҳавел бори дуюм зан гирифт. Дар ин акс бо ҳамсари дуюмаш Дагмар Вешкрнова, деҳаи Ҳрадечек. Тахминан соли 2000.
Президент Ҳавел дар байни кори анҷомҷамъкунӣ дар қасри президентӣ. Январи соли 2003 мӯҳлати раёсатҷумҳурии ӯ ба поён мерасид ва Ҳавел бояд қасри Пражский Ҳрадро тарк мекард