Қирғизистон аз "Сентерра" барои қулф задани компютерҳои "Қумтор" ба додгоҳ шикоят бурд

Қирғизистон аз риоя нашудани ҳуқуқҳои кормандони ширкати "Қумтор Голд Компани" шикоят ва ширкати канадагии Centerra Gold Inc.-ро ба додгоҳ кашид.

Дар шикояти Қирғизистон омадааст, ки ширкати "Сентерра" моҳи майи соли 2021, пеш аз ҷорӣ шудани мудирияти берунӣ ба ширкати "Қумтор Голд Компани", дастрасӣ ба компютерҳои ширкати "Қумтор"-ро маҳдуд кардааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ин амали "Сентарра" вайронсозии ҳуқуқҳо ва бехатарии кормандони ширкати "Қумтор" аст.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона то 15-17 тона тило аз онҷо истихроҷ мешавад. То баҳори имсол кони мазкурро ширкати канадагии "Centerra Gold Inc." коркард мекард ва Қирғизистон 26% саҳм дошт. Мақомоти Қирғизистон охири баҳори имсол мудирияти конро ба ихтиёри худ гирифтанд. Баҳси Қирғизистон бо ширкати канадагӣ ба додгоҳи байналхалқӣ кашида шудааст.