Табибон мегӯянд, вазъи Мадина беҳбуд ёфт. Падараш бовар надорад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қарор аст , рӯзҳои наздик ҳукми омилони азобу шиканҷаи Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, ки моҳи август исмол дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфт, эълон шавад. Миёнаҳои моҳи ноябр Додситонии кули Тоҷикистон парвандаи ду фарди муттаҳам дар шиканҷаи ӯро ба Додгоҳи олӣ фиристод.