Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи аз фурудгоҳҳои кишвар тариқи сарбозшикор ва ё "облава" ба артиш бурдани ҷавононро рад кард.
Қаблан сокинон шикоят карданд, ки фарзандонашон ҳангоми бозгашт аз Русия дар фурудгоҳ боздошт мешаванд ва ба артиш бурда мешаванд.
Аз дафтари матбуоти Вазорат рӯзи 14-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, даъвати тирамоҳӣ анҷом ёфтааст ва иҷборӣ аз фурдгоҳҳо бурдани ҷавонон ба артиш асос надорад. Ба гуфтаи мақомоти Вазорат, ҳеҷ шикояте дар ин замина ворид нашудааст.
Як мақомдори тоҷик, ки узви комиссияи сафарбарии ҷавонон ба артиш аст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, нақшаи даъват иҷро нашудааст ва эҳтимол он давом кунад.
Мавсими даъвати тирамоҳӣ расман 30-юми ноябр ба поён расид, вале хабарҳо дар бораи ҷалби иҷбории наваскарон ҳанӯз ҳам расонаӣ мешавад.
Хабаргузории "Азия-плюс" аз қавли яке аз пайвандони сокини 20-солаи шаҳри Турсунзода навиштааст, ки ӯро 9 -уми декабр ҳангоми бозгашт аз Русия аз Фурудгоҳи Кӯлоб ба комиссаритаи ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ ва аз он ҷо ба яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Турсунзода бурдаанд.
Масъулини фурдугоҳ дар суҳбат бо хабаргузорӣ дар бораи ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда гуфтаанд, баъди анҷоми маъракаи даъват як ҳафта ба ин тараф кормандони Комиссариатҳои ҳарбиро дар наздикии фурудгоҳ мушоҳида накардаанд.
Аз ин пештар низ шикоятҳо дар бораи аз фурудгоҳҳо сарбозшикор намудани ҷавонон ҷой дошанд. Ҳарчанд Вазорати мудофиа мегӯяд, нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар муҳлати таъиншуда пурра ба итмом расида, ҳоло омодагӣ ба даъватӣ баҳорӣ оғоз ёфтаву ҷавононро барои номнависӣ ба комиссариятҳои ҳарбӣ сафарбар мекунанд.
Саркашӣ аз артиш низ дар Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. Дар сурати се бор тариқи даъватнома ҳозир нашудани ҷавон ба комиссариати ҳарбӣ додситонӣ ҳақ дорад, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кунад.
Бар асоси моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ ҳангоми даъват ҳозир нашудан ба комисариати ҳарбӣ аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то 5 сол маҳбас таҳдид мекунад.
Аммо бисёри волидайн шикоят мекунанд, ки ба хонаҳояшон даъватнома намеоранд, вале аз хиёбону донишгоҳ писаронашонро облава мекунанд. Коршиносон низ мегӯянд, мақомот аз шеваи қонунии даъват кор намегирандан ва ҳамаро баробар ба артиш даъват намекунанд ва бештар мехоҳанд ин корро бо зур анҷом диҳанд.
Даъват ба артиш дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ амал мекунад. Имсол бо вуҷуди анҷоми мӯҳлати даъват, ҳанӯз ин маросим ба шеваи дигар идома дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон тамом шуд, вале шикоятҳо аз "сарбозшикор" ҳаст. ВИДЕОВазорати дифоъ: "Нақша иҷро шуд, аммо даъват давоми сол идома мекунад"Вазорат гуфт, мавсими ҷалби ҷавонон ба артиш поён ёфт, аммо даъват идома мекунадМуҳлат ба поён расид, чаро Вазорати дифоъ хомӯш аст? ВИДЕОДаъвати падари ду фарзанд ба артиш дар Кӯлоб баҳсбарангез шуд.ВИДЕОДар Тоҷикистон 50 касро барои саркашӣ аз хидмат ба ҷавобгарӣ кашидаанд