48 тонна ангиштро кӣ дуздид? Нигаронӣ аз сарнавишти шаш боздоштшуда дар Мастчоҳи Кӯҳӣ

Наздикони афроди боздоштшуда аз сарнавишти онҳо нигаронанд.

Хешовандони шаш сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки бо иттиҳоми дуздии ангишт боздошт шудаанд, аз сарнавишти номаълуми онҳо нигаронанд.

Онҳо аз он нигаронанд, ки беш аз як моҳ боз Раёсати умури дохилии Суғд иҷозаи дидор бо фарзандонашонро намедиҳанд.

Мақомот рӯзи 3-уми ноябр шаш сокини ҷамоати “Иван тоҷики” ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро бо иттиҳоми дуздии ангишт аз анбори ширкати “Қудрат 2010” дастгир карданд. Пайвандонашон иттиҳоми дуздӣ нисбат ба онҳоро тӯҳмат медонанд ва ба бегуноҳии онҳо таъкид доранд.

Парвандаро бо далели ин ки Зайниддинхуҷа Орифов, як тан аз гумонбарон, корманди Идораи ҳолатҳои фавқулода будааст, додситонии низомӣ тафтиш мекунад.

Дар додситонии низомии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парванда тоза ба дасти онҳо расидааст.

Хешовандони боздоштшудаҳо гуфтанд, ҳеҷ ниҳоде ба онҳо иҷозаи дидор бо наздиконашонро намедиҳанд.

Як мақоми додситонӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки то анҷоми тафтиши пешакӣ танҳо вакилони дифоъ имкони мулоқот бо муттаҳамон ба ҷиноятро доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, гумонбарон аз 25 то 34-сола ҳастанд ва ҳаҷми зарари расонидаи онҳо ба ширкат ҳудуди 28 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ширкати “Қудрат 2010”, панҷ сол қабл фаъолияти худро дар кони ангишти “Ғузн”-и Кӯҳистони Мастчоҳ шурӯъ кард.

Мустафохуҷа Мақсудов, бародари Бузургхоҷа Мақсудов, яке аз гумонбарон аз ҷамоати “Иван Тоҷик”-и Куҳистони Мастчоҳ рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замоне, ки бародарашро ба Хуҷанд бурданд, дигар намедонанд, ки ӯ чӣ ҳол дорад. “Аз муфаттиш мепурсем, ки иҷозатнома диҳад, ки ба СИЗО равему бо бародарам мулоқот кунем, бо ҳар баҳона иҷозат намедиҳад, ки аққалан пурсем, чӣ хел ангишт дуздидаасту чӣ қадар дуздидааст. Баъди он ки мо худамон рафтему суроғ кардему пурсидем, гуфтанд, ки инҳо аз посбони анбор ба миқдори аз 300 кило то 1 1 тонна ангишт харидаанд. Посбон ҳам гум аст, чанд ҳафта аз вай дараке нест. Мо намедонем, чӣ мегузарад. Чӣ хел 48 тонна дуздидаанд, аз куҷо чӣ хел гирифтаанд, ҳайронем.“,--гуфт ӯ.

Шербой Умаров, сокини дигари ҷамоати “Иван тоҷик” мегӯяд, бародараш Зайниддин соҳиби се фарзанд аст ва бо тӯҳмат ӯро дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигоҳ медоранд. Ӯ гуфт, ба ҷуз ин ки онҳо бо гумони дуздии ангишт боздошт шудаанд, мақомот дигар ҳеҷ шарҳе надоданд.

“Мо аз ин шакли муносибати мақомоти тафтишот дар тааҷубем, ки чаро намемонанд аз ҳолашон хабар гирем. Дар СИЗО ба онҳо чӣ муносибат мекунанд, намедонем. Аз адвокат мепурсем, мегӯянд, хубанд.”,--гуфт ӯ.

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъи Зайниддинхуҷа Орифов ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш корманди Идораи ҳолатҳои фавқулодда аст ва ангишт надуздидааст. “Ӯ фақат бо мошинаш ангиштҳои дигаронро бурдааст, худаш аз анбор ангишт нагирифтааст, вале 48 тонна ангиштро ба гардани вай ва дигарон бор кардаанд, ки комилан норозӣ ҳастанд”,--гуфт ӯ.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бар асоси шикояти раҳбарони ширкати “Қудрат 2010” ин шаш нафар боздошт шуданд.

Дар ширкати “Қудрат 2010” ин мавзуро шарҳ надоданд.

Бархе аз манбаъҳои наздик ба ширкати “Қудрат 2010” мегӯянд, масъули асосии ин ширкат дар Душанбе қарор дорад ва ба хонаводаи президент наздик аст. Дурустии ин иддао тасдиқ нашудааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ тавр 48 тонна ангишт аз ин ширкат дуздида шудааст.

Сокинони деҳоти Кӯҳистон Мастчоҳ дар ибтидои кори ширкати “Қудрат 2010” дар кони “Ғузн” аз арзонии ангишт хушҳолӣ мекарданд. Ҳоло ба қавли сокинон, як тонна ангишт аз 300 то 500 сомонӣ фурухта мешавад, ки нисбат ба солҳои гузашта гарон аст.

Сокинон ангиштро барои гарм кардани хонаҳо ва омода кардани ғизо истифода мебаранд. Дар шароите, ки дар Тоҷикистон маҳдудияти ғайрирасмии нерӯи барқ ҷорист, талаботи сокинон ба ангишт бештар шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар Суғд нархи ангишти қирғизӣ боло рафт. Мардум: "Рӯзи мо ба таппак монд" ВИДЕОМудири "Ангишт" гуфт, ки дар кони "Шӯроб" чӣ рӯй додҚарзи “Барқи тоҷик” аз ангишт ба 120 миллион сомонӣ расид. Вазири энергетика: шикоят ба фоидаи кор нест