Исроил мехоҳад, қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон сахтгир бошанд. ВИДЕО

Вазири дифои Исроил Беннӣ Гантз бо ҳамтои амрикоии худ Лойд Остин дар Вашингтон гуфтугу дошт.

Вазири дифои Исроил ва раиси Моссад, хадамоти амниятӣ ба Вашингтон сафар кард, то дар бораи барномаҳои атомии Эрон бо мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтугу кунанд. Исроил гуфтааст, ки агар қудратҳои ҷаҳонӣ монеи дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ нашавад, Исроил ба танҳоӣ иқдом мекунад.

Бо онки талошҳои дипломатӣ барои эҳёи созиши атомӣ бо Эрон идома дорад, мақомоти Исроил, ки нисбат ба Эрон мавқеи оштинопазир доранд, мекӯшанд, мавзеъгирии Ғарб низ чунин шавад.

Нафталӣ Беннет, нахуствазири Исроил: “Эрон дар иваз ба золимиаш сазовори ягон подош, додугирифт ва сабук кардани таҳримот нест. Ман аз муттаҳидонамон дар ҷаҳон даъват мекунам, ба таҳдиди атомии Эрон дода нашаванд.”

Баъди онки ҳукумати раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп Амрикоро аз созиши атомии соли 2018 берун кард, Эрон низ аз иҷрои талаботи созиш даст кашид, ки фаъолиятҳои атомии онро маҳдуд мекунад. Оҷонси Байнамилалии Энержии Атомӣ чанде пеш гуфт, Эрон ғанисозии ураниумро суръат бахшидааст. Таҳлилгарони Исроилӣ нигаронанд, ки дигар барномаҳои атомии Эрон баргаштнопазир мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Исроил мехоҳад, қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон "нарм" набошанд

Симо Шейн, Пажуҳишгоҳи Масоили Амнияти Миллӣ дар Исроил мегӯяд: “Интихобе, ки имрӯз ҷомеаи байналмилал барои ақиб задани барномаҳои атомӣ дорад, бисёр камтар аз азми Эрон барои иҷрои барномаҳо аст.”

Бино ба гузоришҳо, Исроил барои омодагӣ ҷиҳати зарбаҳои мушакӣ ба Эрон якуним миллиард доллар ихтисос додааст. Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон Исроил ин корро ба танҳоӣ карда наметавонад, зеро таъсисоти атомии Эрон дар панҷ ҷойи гуногун ва дар зери заминанд. Ба бовари таҳлилгарони Исроил, гузинаи ҷиддии низомӣ барои маҳор кардани Эрон дар музокирот зарур аст.

Симо Шейн, Пажуҳишгоҳи Масоили Амнияти Миллӣ дар Исроил: "Аввал, фарзияи истифодаи неруи низомӣ аст. Дуввум, касе онро намехоҳад. Саввум, ин як қарори фавқуллода аст. Чаҳорум, гузинаи низомӣ бояд дар музокирот бошад, чун як роҳ ва беҳтарин роҳи маҳор кардани режим аст. Дар ниҳоят ин режим мехоҳад, эмин бошад.”

Бар иловаи гузинаи низомӣ, Исроил бо рахнагарӣ дар шабакаҳои таъсисоти Эрон онро зери фишор қарор додааст. Бино ба гузоришҳо, Исроил чандин дафъа дар шабакаҳои таъсисоти атомии Эрон ва зербунёдҳои ғайринизомӣ харобкорӣ кардааст. Дар муқобил рахнагарӣ дар шабакаҳои ширкатҳои фанноварӣ ва марказҳи тақсими об дар Исроилро кори дасти Эрон медонанд.

Боал Долев, коршиноси амнияти кибернетикӣ дар Исроил: “Яке аз муҳимтарин кор барои кишварҳо ҳоло ин шудааст, ки иттилоот бигиранд, ба шабакаҳои комютерии шумо ворид шаванду назораташро ба даст бигиранд, чун ҳоло ҳама чиз бо компютер ба кор андохта мешавад. “

Музокирот барои эҳёи созиши атомӣ дар Вена идома дорад. Мақомоти Исроил саъй доранд, Амрико дар ин музокирот ба истифодаи гузинаи низомӣ барои муқобила бо Эрон таъкид кунад. Ҳукумати Байден гуфтааст, ки барои эҳёи музокирот кор мекунад, ҳарчанд ба гуфтаи он, Эрон мойил ба гуфтугу нест. Дар ин миён Исроил қасд дорад, қудрати низомӣ ва рахнагариаш дар шабакаҳоро тақвият диҳад.