Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти як сокини ноҳияи Зафарободро, ки бо гуноҳи қатли ҷавони ҳамсоя ва таҳдид ба ҷони модари ӯ ба 23 сол зиндон маҳкум шуда буд, бетағйир гузошт. Ҷамшед Ҷумъазода худро бегуноҳ мешуморад ва ҷониби ҷабрдида низ иддаои ӯро тасдиқ мекунад. Мақомот гуноҳи ӯро собитшуда медонанд.
Малоҳат Зиёева, зане, ки гуё Ҷамшед Ҷумъазода ба ҷони ӯ таҳдид кардааст, мегӯяд, "ҳарду зинаи додгоҳ гунаҳкори асосиро беҷазо гузошт ва шахси бегуноҳро 23 сол зиндонӣ кард".
"Ман номи гунаҳкори асосиро гуфтам, чаро ӯро дастгир накарда истодаанд? Кӣ назорат мекунад? Ман шоҳиди зинда ҳастам, чаро одами гунаҳкорро боздошт намекунанду як шахси бегуноҳро маҷбурӣ ҳабс карда истодаанд? Чаро ба ҳамин суоли ман ҷавоб намедиҳанд?" – пурсид ӯ.
Ҷабрдида мегӯяд, агар қотил Ҷамшед Ҷумъазода мебуд, инро ба хубӣ тасдиқ карда метавонист, зеро дар як бинои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва ҳамдигарро хуб мешиносанд.
Зафар Азиззода, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 9-уми декабр ҳукми қаблиро бетағйир гузошт. Ин бор ҳам Ҷамшед Ҷумъазода дар баромади охиринаш ба бегуноҳии худ пофишорӣ кард ва гуфт, дар ҷараёни тафтиш шиканҷа шудааст. Додрас шикояти шиканҷаро беҷавоб монд.
Ҷамшед Ҷумъазода дар мурофиаи аввал низ гуфта буд, ки "дар пайи азобу шиканҷа ва истифодаи ток (барқ) гуноҳро ба гардан гирифтам. Ҳар шаб пас аз соати 10 азобу шиканҷа медоданд. Ният доштам, аз инҷо баромада, ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ занг занам."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Воқеа ин аст, ки 11-уми ноябри соли гузашта милисаи Зафаробод ҷасади Беҳзод Давронбековро аз дохили ҳоҷатхона ва модари оғушта ба хуни ӯ Малоҳат Зиёеваро аз даромадгоҳи хонаашон ёфт. Мақомот гуфтанд, яке бо зарби болға кушта ва дигаре латукӯб шудааст.
Додрас Анвар Абдуғаффорӣ, ки ҳукми аввалро баровард, гуфт, “ҳодиса ба талоши робитаи ҷинсӣ аз тарафи шахси кушташуда Беҳзод Давронбеков рабт дорад”. Ҳарду ҷониби қазия ин фарзияро дуруст намешуморанд.
Меҳрӣ Холбоева, модари Ҷамшед Ҷумъазода, мегӯяд, ҳукм бар пояи иқроре бароварда шудааст, ки аз роҳи шиканҷа ба даст омадааст ва акнун ният доранд ба зинаи назоратии додгоҳ шикоят баранд.
Ӯ афзуд: “Боз мубориза мебарем ва боз менависем. Аз дасти мо фақат навиштану шикоят кардан меояд. Ман камбағал ҳастам ва бо пул харида наметавонам. Ба парвандаи писарам 25-30 нафар дахл доранд ва агар бачаи маро сафед кунанд, ҳамаи онҳо аз кор мераванд. Ҳамаи онҳо аз рутба мемонам гуфта бачаи маро зиндонӣ карда истодаанд.”
Мақомот ба иддаои пайвандони Ҷумъазода вокуниш накардаанд, вале ӯро моҳи декабри соли 2020 дар барномаи Вазорати корҳои дохилӣ нишон доданд, ки ҳодисаро нақл кардааст. Вакили мудофеъ Сорбон Шоев мегӯяд, “дар он навор дар қисмати поёни чашми чапи Ҷумъазода осори шиканҷа ва ҷароҳати бардоштааш маълум аст. Вале тафтишоту додгоҳ инро ба инобат нагирифт”.
Ҷамшед Ҷумъазода то замони боздошт шудан ба соҳибкорӣ машғул будааст. Вай дар ноҳияи Зафаробод як коргоҳи истеҳсоли хиштро ба роҳ монда буд. Оиладор ва соҳиби ду фарзанди ноболиғ аст.
Созмонҳои ҳуқуқи башари байнулмилалӣ ва дохилӣ борҳо мақомоти интизомии Тоҷикистонро барои шиканҷаи гумонбарон ва ба даст овардани эътирофи маҷбурӣ танқид кардаанд. Як намунаи он боздошти Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода аст, ки ба гуфтаи худаш зери шиканҷа иттиҳоми кушторро ба гардан гирифт, аммо пас аз 8 моҳ, баъд аз ёфтани қотили ҳақиқӣ, озод гардид.
Мақомот мегӯянд, дар пайи танқидҳои зиёд ҷазоро барои бадрафторӣ ва шиканҷа сахттар карда, аз ҷумла милисаҳоеро, ки дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров даст доштанд, ҷазо доданд.
Бино ба қонун, шахсе, ки даст ба шиканҷа мезанад, то 15 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, сахттар кардани ҷазо то як андоза маъмурони интизомиро, ба истилоҳ, ба худ меорад, аммо мушкилро пурра ҳал намекунад.